Перейти к содержимому
 

Рушди муҳорибаи ғайрикасбии унифайт.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба муҳорибаи ғайрикасбии унифайт  дар мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарбаи шарқӣ  баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор боҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ роҳандозӣ шуд. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  дастаҳоро аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҷамъ овард. Вохӯриҳои финалӣ дар навъи классикӣ пуршиддат гузашт. Дар ин навъ, ки иҷрои усулҳои дасту пой ва гӯштин роиҷ аст, варзишгарон хуб ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамин тариқ Бежан Нурматов, Саидхон Муродалиев, Шаҳнозаи Рӯзимад, Толиб Раҷабов, Муслиҳиддин Назаров дар вазнҳои худ ғолиб омада бо медалу диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.