Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ» дар доираи нақша - чорабиниҳои муштараки Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни ҳамоиш қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овард. Таъкид гардид, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба хатоҳои молиявӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидани маблағҳои дар буҷет пешбинишуда ва ҳамкории густурда бо мақомоти марбута боиси баланд бардоштани сифати таълим ва хубтару беҳтар шудани фаъолияти соҳа гардид.