Перейти к содержимому
 

ФУТБОЛ. Дастаи «Бунҷикат»-и Шаҳристон ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола шуд.

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола оид ба футбол ба анҷом расид. Медалҳои тиллоро футболбоздухтарони «Бунҷикат»-и ноҳияи Шаҳристон ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 31 май оғоз шуда, давоми шаш моҳ дар ду марҳила баргузор гардид. Дар марҳилаи аввал 17 даста ба се минтақа – Душанбе (5 даста), Суғд (7 даста) ва Хатлон (5 даста) тақсим шуданд. Дар марҳилаи муқаддамотӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар ду давр гузаронида шуданд. Ғолибони се гурӯҳ – «Регар-ТадАЗ» (гурӯҳи «А»), «Бешкент» (гурӯҳи «Б») ва «Бунҷикат» (гурӯҳи «В»), инчунин дастаи «Панҷшер», ки бо нишондиҳандаи беҳтарин дар гурӯҳи «Б» ҷойи дуюмро ишғол намуд, ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ ёфтанд.

Беҳтарин дарвозабон Марҷона Маматқулова («Бунҷикат») дониста шуд. Алиса Ҳусанова (Бешкент) беҳтарин бозигари чемпионат эътироф гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Маҳлиё Ҷумақулова («Бунҷикат»), ки 16 гол задааст, тақдим шуд. Давлат Шукуров беҳтарин мураббӣ эълон шуд, ки бо роҳбарии ӯ дастаи «Бунҷикат» медалҳои тиллои чемпионатро ба даст овард.