Перейти к содержимому
 

Сарояндаи тоҷик, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» Фаррух Ҳасановро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарояндаи хушовози тоҷик, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» Фаррух Ҳасановро шоми 28 ноябр дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Фаррух Ҳасановро роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, волидон, наздикону пайвандон ва ҳаводорони зиёди санъати воло пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Озмун маротибаи 5-ум аст, ки дар шабакаи телевизионии «Россия 1» намоиш дода мешавад. Мавсими навбатии он 8 сентябри соли 2023 оғоз гардид. Фаррух дар финал маҳорати баланд нишон дода, доваронро дар ҳайрат гузошт ва соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.

Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.

Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.

«Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд», — гуфт ў .

Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун овозхон нахустин маротиба дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни «Central Asia Got Talent» муаррифӣ шуда, маъруф гардид. Дар ин озмун бо талош ва пешниҳоди устодаш- сарояндаи машҳур Зафар Абдуалимов иштирок намудааст.

Фаррух Ҳасанов ҳамзамон соли 2022 сазовори ҷоизаи озмуни миллии «Tarona Music Award» гардид.