Перейти к содержимому
 

Маросими хотимаёбии мусобиқаи футбол.

Чорабинии варзишӣ, ки бо ташаббуси Раёсати маорифи шаҳри Ҳисор дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр роҳандозӣ гардид, ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида шуд. Дар мусобиқаи футболи хурд, ки беш аз 50 дастаро аз Муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ҷамъ овард, дар чор майдон: сунъӣ, майдонҳои кушода ва болопўш гузаронида шуд. Ва бар асоси низомномаи сабқати футболи хурд танҳо дастаи ғолиб имкони идома додани муборизаро пайдо месозаду халос. Ҳамин тавр, барои ҷои сеюм дастаи МТМУ рақами 21 бо Гимназия барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор бозӣ кард. Дар натиҷа дастаи Гимназия ғолиб омад. Барои ишғол намудани мақоми аввали сабқат дастаҳои МТМУ рақами 3 ва МТМУ рақами 53  бо ҳам талош варзиданд. Ҳамин тариқ дастаи МТМУ №3 бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфта, соҳиби ҷоми таъсис намудаи кумитаи тадорукот гардид.