То оғози фасли дай рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Ва омодагиҳо ҷиҳати бе мушкилӣ паси сар намудани он дар Муассисаҳои таълимию томактабии кишвар ҳанӯз аз фасли тобистон рӯи кор гирифта шуд. Гуруҳи эҷодии барнома барои мушаххас намудани ин масъалаи муҳим аз Муассисаи томактабии рақами 50-уми назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дидан ба амал овард. Тавре маълум гардид, дар Муассиса омодагӣ ба мавсими сармо ҳанӯз аз моҳи марти соли равон оғоз ёфта, тамоми гуруҳҳо ва роҳраву ошхона аз таъмирӣ ҷорӣ бароварда шудааст. Ба мавсими сармо 200 литр сӯзишворӣ, инчунин 5 куб ҳезум, 500 кг ангишт захира гардидааст. 4 гуруҳи Кӯдакистон бо фурӯзонакҳои каммасраф, гармикунакҳои барқӣ ва батареяҳо таъмин карда шуда, тирезаҳо дуқабата шишабандӣ шудаанд. Захираи хӯрока ва донагиҳо, инчунин пиёзу картошка, гӯшту равған , маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулот сари вақт ҳар ҳафта таъмин карда мешавад.