Перейти к содержимому
 

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ соҳиби ҷойи аввал шуд.

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва чинии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Суруш Раҷабов дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ, ки ба мавзуи дониши фарҳанг ва таърихи Фаронса бахшида шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардида,  барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ роҳхат гирифт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, озмун ба тариқи онлайн гузаронида шуда, дар он шунавандагони 7 маркази Алянс Франсэз аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбeкистон иштирок намуданд.

Ин озмун аз тарафи Фонди Алянс Франсэз дар Париж ташкил шуда, 3 ғолиби сатҳи байналмилалӣ барои такмили дониш тобистони оянда ба Фаронса сафар менамоянд.