Перейти к содержимому
 

«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд.

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 115 довталаб даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври чоруми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон- 24 нафар, вилояти Суғд- 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 24 нафар ва аз шаҳри Душанбе 24 нафар иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмун Матлубахон Сатториён сухан гуфта, баргузории озмунро ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди тафаккури миллӣ ва дарки таъриху фарҳанги ниёгон амри зарурӣ донист.

Озмун соли якум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории озмун- арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, мебошад.