Перейти к содержимому
 

Пешвои миллат: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид».

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад, — чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ даъват менамоянд, ки «мову шумо бояд Ватани худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу амнияти сарзамин ва ваҳдати миллиро намоем. Мову шумо бояд меҳнати созандаву бунёдкоронаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, тамоми имконияту неруи худро ба хотири ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем».

«Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.