Перейти к содержимому
 

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК». Дар Душанбе таҳти ин унвон китоби Фарҳод Раҳимӣ муаррифӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Маркази «Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» муаррифӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар китоб фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, он аз 10 мақола иборат аст.

Дар сарсухани муаллиф омадааст, ки «дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста намудаанд».