Перейти к содержимому
 

ОЗМУНҲОИ МО-ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳар сол бошукуҳтару ҷолибтару мутантан аз соли пешин мегузарад.

ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Инак, озмуни панҷуми ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки монанди ҳама ташаббусҳои неки дигар дар мамлакатамон бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, ҷамъбаст гардид. Мо шоҳиди онем, ки давоми панҷ сол ин озмун ҳар сол бошукуҳтару ҷолибтару мутантан аз соли пешин мегузарад ва ин далели мавриди таваҷҷуҳи баланди ҳам иштирокчиён ва ҳам ташкилкунандагон, хусусан таваҷҷуҳ ва ғамхории хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор гирифтани он мебошад. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

— Баъд аз панҷ соли баргузорӣ метавон ба бурду бохт ва дастовардҳои ин озмун, комёбиҳои он, фаъолияти Комиссияи озмун ва кору заҳмати ташкилкунандагони он баҳо гузошт. Ва ман гумон менамоям, ки ин баҳо хеле мусбат хоҳад буд, зеро мо пайваста кори ташкили онро аз сатҳи маҳаливу ноҳиявӣ то вилоятиву ҷумҳуриявӣ, пешравӣ, навгонӣ, тозаҷӯӣ ва боло рафтани сатҳи онро мушоҳида намудаем.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дар ин саф озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» перомуни китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба андешаи банда, танҳо озмуни муқаррарӣ нестанд, онҳо фаротар аз як озмун мебошанд. Ҳадафи Пешвои муаззами мо аз баргузор намудани ин озмунҳо низ хеле дурбинонаву наҷибтар мебошад.

Мо имрӯз мебинем, ки ин озмунҳо на танҳо як рақобат, як мусобиқаи ақлҳову зеҳнҳову истеъдодҳоро рӯи кор овардаанд. Албатта, чунин ҳам ҳаст. Аммо нақше, ки ин озмунҳо дар рушди маънавиёт ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонони мо бозиданд, хеле арзишмандтару сутуданӣ мебошад.

Ин ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таваҷҷуҳи миллати мо, хусусан таваҷҷуҳ ва шавқу рағбат, муҳаббати наврасону ҷавонони моро ба асолати таърихии миллати мо, ки омӯзиши илму маърифат аст, бедор намудаву афзунтар сохт; ин ки имрӯз тавассути ин озмун дар тамоми гӯшаҳои мамлакат таваҷҷуҳ ба китобдориву китобхонӣ даҳчанд афзудааст; ин ки ба ин васила огоҳии мардуми мо, хусусан ҷавонон аз адабиёти ватаниву башарӣ, аз осори адибони классику имрӯз ва эҷодиёти адибон ҷаҳон хеле афзунтар гардид ва ин ки ҳосили мусбати онро мо имрӯз дар ҷомеа мебинем, ба ҳамагон маълум аст.

Метавон дар мавриди озмуни хеле дурахшону пурманфиати «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва натиҷаҳои неку пурарзиши он низ хеле суханҳо гуфт. Агар гӯем, ки ин озмун наҷотбахши баъзе аз жанру намудҳои санъати мусиқии мардумии мо гардид, ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад буд. Мо худ шоҳидем, ки пеш аз ин озмунҳо санъату фарҳанги миллии мо мувоҷеҳи баъзе мушкилот гардида буд. Ба ёд оред, ки теъдоди ҷавононе, ки ба омӯзиши асбоби мусиқии халқӣ ва касбӣ шуғл варзанд, хеле коста гардида буд. Ҳатто хатари он пайдо шуд, ки агар ҳамин тавр давом кунад, баъзе асбоби мусиқии мо бе навозанда ва ҷои ҳунармандон дар саҳнаҳои ҳунарӣ холӣ мемонад. Ҳоло чӣ? Баъд аз баргузории ин озмун, аллакай дар солҳои дуюму сеюми амалӣ шудани он на ин ки ин холигоҳ пур карда шуд, балки дар тамоми номинатсияҳои ин озмун, аз ҷумла навозандагӣ ва хусусан навозандагии асбоби нодири мусиқии ҳам касбиву ҳам ҳам халқӣ он қадар довталабон афзун гардиданду муҳаббати ҷавонон ба омӯхтани ин пеша зиёд шуд, ки рақобаткунандагон яке аз дигаре беҳтар буда, мушкили асосӣ- чӣ гуна тақсим намудани ҷой ба ғолибон гардидааст. Дар баробари ин дар натиҷаи ин озмун чӣ қадар номҳои нав, сарояндагони хушовозу боистеъдоди нав дар ҳама навъҳо: анъанавиву эстрадиву симфонӣ кашф гардиданд, чӣ қадар бастакорони ҷавон рӯи об баромаданду навозандагони мумтоз тарбият ёфтанд!

Ягона таманное, ки банда ба озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дорам, он аст, ки дар ҳайати ҳакамони ин озмун ҳузури бештари шоирони нуктасанҷ дар ҳама марҳилаҳо хеле зарур ва ҳатмӣ аст. Зеро сифати суруд, комёбӣ ва муваффақияти он на фақат ба сифати мусиқӣ, овоз ва ҳунари иҷро вобастагӣ дорад. Агар ҳама ин сифатҳо: овози хуб, мусиқии хуб, иҷрои олӣ бошанду ҳатто дар сатҳи баланд бошанд, аммо матни суруд сусту пур аз камбудиҳои забонӣ ва харобиҳои ҳунари шоирӣ бошад, ҳама он сифатҳои боло аҳамияти худро гум менамоянду ҳеҷ мешаванд. Аз ин рӯ, дар баҳогузорӣ ба суруд ҳузури шоирони сахтгиру нуктасанҷ ҳатмӣ мебошад ва ин андеша ба хотири он гуфта шуд, ки, мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки он чӣ дар санъати сарояндагии мо бештар ислоҳ мехоҳад, ҳамин аст- интихоби матнҳои солиму сазовор ва бе хато.

Дар мавриди озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» мехоҳам гӯям, ки бо таваҷҷуҳи хосса ва афзояндаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ин озмун низ марому мақоми хоссаи худро дорад. Хусусан, ки солҳои охир таваҷҷуҳи наврасону ҷавонони мо ба илмҳои дақиқ пайваста меафзояд ва мояи ифтихори мо аст, ки наврасону ҷавонони мо солҳои охир ҳарчи бештар дар озмунҳи байналмилалии ин фанҳо иштирок намуда, пирӯзиҳо ба даст меоранд ва исбот менамоянд, ки ворисони нобиғагони номдори ин Ватан ҳастанд, ки мисли Синову Берунӣ, Умари Хайёму ал-Хоразмӣ даҳҳо нафар олимони бузурги илмҳои дақиқро ба ҷаҳониён додааст.

Ва оқибат наҷибтарин падида — тақдими китоби аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадони Тоҷикистон ва баргузории озмун перомуни он аз хуҷаста ва беназиртарин иқдоми Президенти Тоҷикистон аст, ки барои боло рафтани сатҳи худшиносии миллатамон аҳамияти беназир дорад.

Дар маҷмуъ тамоми озмунҳои номбурдаро, ки бо закои Пешвои миллатамон, бо ташаббус ва дастгириашон рӯи кор омадаву имрӯз саҳми бузурге дар эҳёву рушди маънавиёти миллатамон мегузоранд, беш аз як озмун ва чун дастовардҳои солҳои охири Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд қабул намуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба андешаи банда, чунон оқилона андешида шудааст, ки на танҳо тамоми жанрҳои адабиро аз адабиёти бачагонаву адабиёти классикиву муосир то адабиёти ҷаҳон фаро мегирад, балки як номинатсияи бисёр муҳим ва барои ҷавонони эҷодкори мо хеле ва хеле аҳамиянок: номинатсияҳои насру назмро низ дар бар гирифтааст. Зеро, вақте ки дар бораи тақдири омӯзиши адабиёти бадеӣ фикр менамоему нисбат ба он ғамхорӣ дорем, бояд ҳатман дар мавриди онҳое, ки ин адабиётро меофаранд, яъне нависандагону шоирон низ биандешем. Аз ин рӯ ба ин озмун зам шудани номинатсияҳои эҷодии насру назм аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Аммо бояд гуфт, ки номинатсияҳои назму наср дар байни ҳама номинатсияҳои дигар мавқеи хосса доранд. Зеро дар номинатсияҳои дигар агар аз довталабон ақлу заковат, дониш, ҷаҳонбинӣ, ҳофизаи хубу забондониву забони гӯё талаб шавад, дар номинатсияҳои эҷодӣ, илова ба инҳо боз истеъдод, эҷодкорӣ ва завқи офариниш талаб мешавад, ки табиат онро на ба ҳама додааст. Яъне, агар ҳазор илму дониш бошаду завқу табъи табиии эҷодӣ дар сиришти инсон набошад, эҷодкори асил шудан душвор аст.

Дар чаҳор соли баргузории ин номинатсияҳо мо шоҳиди он гардидем, ки аз байни довталабони номинатсияҳои эҷодӣ ҷавонони соҳибистеъдоде мебароянд, ки аз онҳо метавон умедвор буд. Баъзеи ин ҷавонони эҷодкор аллакай ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд, ки баландтарин ва қаноатбахштарин натиҷа ва маҳсули ин озмун буда, аллакай арзиши баланди онро нишон медиҳад. Аз ҳама муҳимтарин натиҷаву падидаи ин озмунҳо дар он зоҳир шуд, ки имрӯз ба шарофат ва шартҳои он, ҳар ҷавони соҳибистеъдод, ҳатто аз дурдасттарин гӯшаи мамлакат агар соҳибистеъдод бошад, бевосита ба майдони адабиёт бе кумаке, танҳо ба шарофати истеъдоди худ роҳ меёбад, ки дар гузашта ин кор қариб, ки имкон надошт. Яъне дастоварду натиҷаҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мисли дигар озмунҳои баргузоршуда хеле дурахшону қаноатмандкунанда ҳастанд ва ба рушди нави маънавиёти миллати мо хеле хуб мусоидат менамоянд.

Дар охир пешниҳод менамоям, ки чун имрӯз ҳаёти маънавии мамлакатро наметавон бе ин озмунҳо, хусусан озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасаввур намуд, ҳама чиз далолат бар он менамояд, ки бисёр хуб мешуд, ин озмун ва дар маҷмуъ ҳама озмунҳои мо як нашрияи ягонаи хоси худро дошта бошанд, зеро бо чанд сабаб бар он ниёз ҳаст. Яке ин ки ин нашрия метавонист довталабони ин озмун ва озмунҳои дигарро бо маводи зарурӣ пайваста таъмин намояд. Имрӯз, ки теъдоди нашри китобҳои зарурӣ, асарҳо ва муаллифони пешниҳодшуда дар муқоиса бо довталабон ва муштариёни китоб хеле маҳдуд аст, ин нашрия, яъне маҷаллаи озмун ба довталабон аз рӯи Низомномаи озмун асарҳои ба номинатсияҳои озмун дахлдоштаро нашр ва дастраси хонандагон менамояд. Аслан ин маҷалла дар тарғиб ва дастгирии ҳамаҷониба ҳам ба озмунҳо ва ҳам ба фарҳангу маънавиёти мо метавонад хизмат намояд.

Ба ростӣ, ки мо ҳама мадюни он ҳама ғамхориҳо ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, дар мавриди илму адабиёт ва фарҳанги миллӣ ҳастем, ки имрӯз воқеан фурӯғи тозае ба рӯзгори мо додааст. Миллати некманишу соҳибзавқи мо, Пешвои ватандӯсту адабпарварамон имрӯз ба ҷаҳониён собит намуда истодаанд, ки миллати тоҷик вориси он ҳама бузургону нобиғагони илму адабу фарҳанги ҷаҳонӣ буда, имрӯз рӯ ба асолати таърихии миллии худ овардааст.