Перейти к содержимому
 

60 нафар падару модарон- ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар» қадрдонӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 60 нафар падару модарони ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар», якчанд нафар  омӯзгорон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Инчунин кормандони Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд нафар иштирокчиёни фаъоли озмун, хусусан пиронсолону ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.

Дар маросими қадрдонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» давоми панҷ сол аст, ки бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари ҷумҳурӣ ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар рушди маърифати ҳамагон  нақши бориз мегузорад.