Перейти к содержимому
 

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Нахуст муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, суханро ба директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дод, ки ҳамчунин ба чорабинӣ ба сифати мутахассиси масоили ҳуқушиносӣ даъват шуда буд.

Зимни баромад А.Холиқзода оид ба шаклҳои низоми идораи давлатӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, бахусус низоми идораи президентӣ, аҳамияти таърихӣ, сиёсию иҷтимоии он дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Зикр шуд, интихоби низоми идораи президентӣ қарори огоҳона ва дурандешонаи сиёсӣ  будани худро дар таҷрибаи давлатдории мо собит намуд. Албатта, барои дар сатҳи шоиста ва муносиб нигоҳ доштани ин мақоми олии давлатӣ  хислатҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим гузоштанд.

Зимни суханронӣ Абдураҳим Холиқзода, ҳамчунин аз саҳми кормандони шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ низ дар самти барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таблиғу тарғиби ғояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ёдовар шуда, фаъолияти онҳоро дар ташаккули афкори ҷомеа муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Зикр шуд, ки  мувофиқи қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки ин рисолат аз ҷониби Сардори давлат садоқатмандона ба халқу ватан амалӣ карда мешавад.

Аз ин рӯ, ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд. 

Дар фарҷоми маҷлис директори Маркази исломшиносӣ ба саволҳои хабарнигорон оид ба баъзе паҳлӯҳои мавзуъ посух гуфт.

Чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар сохторҳои Кумита низ доир карда мешавад.

Котиби матбуоти Кумита

Иброҳим Аҳмад