Перейти к содержимому
 

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - шаҳраки Ғафуров дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар мавзеъи марказии шаҳраки Ғафуров дар масоҳати 1,2 га дар асоси лоиҳаи ҷолиб ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда шудааст.

Бо садо додани суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр сохта шуда, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ бахшиданд.

Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 27 метр ва қутраш 2,4 метрро ташкил медиҳад.

Майдони назди пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ гулчамбарҳо гузоштанд.

Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ рамзҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Муқаддасоти миллӣ – мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол буда, ин рамзҳои давлатӣ ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги қадима, корҳои созандагӣ баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят мекунад.