ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Зардолу ва компания» маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи худро дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти воридотӣ, ки дар шаҳри Шанайи Чин аз 5 то 10 ноябр доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.
Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин (CIIE) имконияти хубе барои муаррифии маҳсулоти худ ба доираи васеи мутахассисон, пайдо намудани шарикон ва мизоҷони нав аз ҳисоби мутахассисони харидор, ки занҷирҳои чакана ва яклухтфурӯшонро намояндагӣ менамоянд, ба ҳисоб меравад.
Дар намоишгоҳи калонҳаҷм тақрибан 3400 намояндаи зиёда аз 150 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Намоишгоҳ соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати мошинсозӣ, саноати кимиё, технологияҳои интернетӣ, истеҳсол ва таъминоти компютерӣ, саноати нассоҷӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дорусозиро фаро гирифт.
Иштирок дар чунин намоишгоҳи бузург имкон медиҳад, ки робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои гуногун густариш ёфта, бо шарикони нав гуфтушунидҳои корӣ анҷом дода шаванд.
Бояд гуфт, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Зардолу ва Компания» ба парвариш, ҷамъоварӣ, бастабандӣ ва ба навъҳо ҷудо намудан, хунук кардан, нигоҳдорӣ ва содироти меваи тар ва хушк машғул аст, ки иқтидори кориаш дар як шабонарӯз то ба 50-55 тонна мерасад. Дар сардхонаҳои иншоот беш аз 200 тонна мева дар як вақт дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешаванд. Иншооти он аз 4 қисмат иборат буда, масоҳати умумиаш 675 метри мураббаъ аст. Қисмати якуми он барои қабули мева, қисмати дуюм барои навъҷудокунӣ, поксозӣ ва банду басти он барои содирот, қисмати сеюм барои нигоҳдорӣ дар сардхона ва қисмати чорум барои бор намудан ба нақлиёти махсуси боркаши дорои яхдон пешбинӣ шудааст.
Корхона бештар ба давлатҳои дигари ҷаҳон маҳсулот содирот менамояд.