Перейти к содержимому
 

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии мактаби №25 ба истифода дода шуд.

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 2 ошёна иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми он 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраи кории директор ва дар қабати  дуюм ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи компютерӣ ва 4 синфхонаи таълимии дигар ҷойгир карда шудааст. Муассиса пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла 13 компютер ва 2  принтер таъмин  гардидааст. Ҳамзамон,  тибқи лоиҳа дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи таълимӣ бинои анбор ва дегхона барои таъмини муассиса бо гармӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро намудааст. Дар муассисаи таълимӣ 470 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 31 омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд.

Роҳбарияти вазорати  маориф ва илм, ноҳия,  омӯзгорони собиқадор, хонандагони фаъол ва сокинони деҳа дар ҷамъомади идона сухан гуфта, баистифодадиҳии чунин бинои замонавиро далели сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуданд.