Перейти к содержимому
 

Шаҳри Душанбе дар Озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришҳои миллӣ ва муосир» сазовори ҷойи аввал шуд.

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришҳои миллӣ ва муосир», имрӯз дар Боғи Ирам ҷамъбаст гардид, сазовори ҷойи аввал шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далвлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ доданд.

Ҷойи дуюмро дар озмун намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҷойи сеюмро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун довталабоне, ки дар даври шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолиб гардида буданд, иштирок дошта, ба ҳайати ҳакамон ва меҳмонон хӯришҳои омоданамудаи худро муаррифӣ намуданд.