Перейти к содержимому
 

МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар нуҳ моҳи соли 2023 дар Душанбе оид ба таълиму тарбияи фарзанд беш аз 500 суҳбату вохӯрӣ доир шуд.

ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2023 аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҷалби 137 ҳазору 581 нафар хонандагони пойтахт ва падару модарону омӯзгорон 571 суҳбату вохӯрӣ доир шуд. Баргузории чунин силсилавохӯриҳо ба 44 фоиз камшавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мусоидат намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин навбат низ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб, бемориҳои сироятӣ, фарҳанги бегона ва ташаккули тарзи ҳаёти солим вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ иштирокдорон  оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ сухан гуфта, наврасонро ба омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ даъват намуданд.

Ҳамзамон баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи наврасону хонандагон таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.

Хонандагон ба саволҳои худ, махсусан вобаста ба оқибатҳои ногувори сироятёбӣ ба бемории сироятии ВНМО, сил ва зуком ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт низ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» моҳи августи соли 2011 ба тасвиб расид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Қонун волидайнро вазифадор намуд, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори падару модар барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад. Барои амалишавии ин ҳадаф нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои тарбияи насли хештаншинос, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ояндаи дурахшони фарзандон нақши калидӣ гузошта, ба таҳкими худшиносиву донишманд шудани наврасон заминаи мусоид фароҳам овардааст.