Дар толори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» ҷамъбаст гардид. Тавре маълум гардид, дар ин озмун хонандагони Муассисаҳои таълимии 4 ноҳияи пойтахт ва намояндагон аз табақаҳои мухталифи ҷомеа ширкат варзиданд. Дар ин давр ғолибони даври ноҳиявӣ иборат аз 100 нафар ширкат карда, тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамони озмун 10 нафар беҳтаринҳо тавонистанд шаҳди пирӯзиро чашанд. Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин озмуну маҳфилҳо донишу малака ва маҳорати насли наврас ва ҷавононро ҳамарафа такмил медиҳад.