Перейти к содержимому
 

Оғози даври ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023».

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Озмуни ҷумҳуриявии «Омўзгори соли Тоҷикистон-2023» оғоз гардид. Дар озмун 5 нафар: омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъа Дилдор Суҳробов, омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ Раҳима Ҳидоева, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиратулло Зоиров, омӯзгори фанни физика ва астрономияи Мактаби Президентї барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кўлоб Сулаймон Абдуқаҳҳор ва омўзгори фанни химияи Гимназия — парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рўдакї Санавбар Абдуллозода иштирок намуда, аз рўйи ҳафт шарт ҳунару маҳорат месанҷанд. Озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2023» 3 рўз давом намуда, 29 сентябр ҷамъбаст мешавад.