Перейти к содержимому
 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — СИЁСАТМАДОРИ БАРҶАСТАИ САТҲИ ҶАҲОНӢ. Эҳтироми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи миллату давлат ва соҳибистиқлолии он аст.

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дарвоқеъ, рушду тавсеаи  равобит бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи бунёдгузори сиёсати хориҷии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои ба даст овардани истиқлолият то имрӯз аз муҳимтарин ва авлавиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи сиёсӣ таҳлил ва хулосагирӣ менамуданд, ки иҷрои вазифаҳои ниҳоят вазнин ва печидаи бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ ва ташаккули қудрати иқтисодии он бе ҳамкории сиёсию иқтисодии фарогир бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон имконнопазир аст. Чунин ибрози назар намуд муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ  Парвиз Муҳаммадзода.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти сиёсати ҳамҷавории нек, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, эътимоди ҳамдигарӣ ва дарки умумияти ҳалли  масъалаҳои мубрами миллию минтақавӣ аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии хеш муносибатҳоро бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода, барои рушду тавсеаи ҳарчи бештари онҳо пайваста талош меварзиданд.

Илова бар ин Пешвои миллат ҳамкории фарогири минтақавиро ҳамчун муҳимтарин василаи ҳалли масъалаҳои сиёсию амниятӣ, тиҷоратию иқтисодӣ,  экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори сулҳу субот, рушди устувори минтақа, ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошанд.

Маҳз ҳамин талошҳо сабаб шуданд, ки имрӯз дар минтақаи мо фазои ҳамгироӣ ва дарки умумияти тақдиру сарнавишти давлатҳо ва мардумони онҳо торафт тавсеа ёфта, нақши Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ ва ботаҷриба дар пойдории субот, рушди ҳамкорӣ,  инчунин тавсеаи ҳамгироии созанда дар минтақа эътироф гардидааст.

Далели ин гуфтаҳо дар он зоҳир мегардад, ки 6 августи соли 2021 дар асоси Қарори  муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд, ки аҳамияти хеле бузург дорад.

Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистани ин мукофоти олӣ нишони арҷгузорӣ ва қадрдонии беандоза аз хидматҳои шоистаи ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзанд, ба ҳисоб меравад.

Шарафёбӣ ба ин мукофоти олӣ бори дигар эътибору нуфузи ин марди хирад, сиёсатмадори оқил, пешвои ваҳдатофарро дар арсаи байналмилалӣ тасдиқ намуда, эътирофи усули давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати эҳёгари Тоҷикистони навин ва мустақил, инчунин ташаббускори ибтикороти минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.

Илова бар ин, қадршиносии мазкур бори дигар собит сохт, ки  тоҷикон яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи тӯлонии давлатдорӣ мебошанд, ки таҷрибаи давлатдорӣ ва идории давлатии худро ба халқу миллатҳои дигари минтақа омӯзонида, пойдории моҳияти онро асрҳо нигоҳ доштаанд.

Бояд гуфт, ки таъсири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  нақши муҳим ва калидӣ дошта, дар сулҳу субот ва рушди инкишофи минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми тамоми талошу фаъолияти байналмилалӣ, ки ба решакан намудани зуҳуроти номатлуб нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намуда, ба яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ табдил ёфтааст.

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо хатари ифротгароӣ ва терроризм буда, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои берун аз ҳудуди онро аз оқибатҳои фоҷиабори ин падида ҳифз менамояд.

Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таҷриба ва саҳми бузург дорад, ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Масалан, қатъи ҷанги таҳмилӣ ва овардани сулҳ ба Тоҷикистон худ беҳтарин хизмат ба тамоми мардуми Осиёи Марказӣ аст, зеро ҷанги Тоҷикистон метавонист ба монанди дигар ҷангҳо дар минтақа ва ҷаҳон  мамлакатҳои ҳамсояро низ ба оташи худ кашад.

Илова бар ин, вобаста ба нақши таъсиргузори Президенти мамлакат дар ҳалли масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон яке аз собиқ президенти кишвари  Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки агар  ифротгароиро дар минтақа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввали солҳои ба даст овардани истиқлолият пешгирӣ наменамуданд, ҳоло тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба минтақаи бесубот табдил меёфт.

Ё ин ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз 30 сол қабл перомуни буҳрони Афғонистон ва таҳдидҳо аз ин мамлакат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ суханронӣ менамуданд ва ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медоданд. Баъзе аз мамлакатҳо ин мушкилотро бо омилҳои гуногун дар аввал ҷиддӣ қабул накарда, изҳор медоштанд, ки ин мушкилоти мо ва минтақаи мо набуда, мо дар минтақаи худ мушкилии зиёд дорем. Онҳо мегуфтанд, ки худатон ҳалли ин мушкилотро ёбед. Ва вақте ки ин мушкилӣ мамлакатҳои онҳоро низ фаро гирифт, баъдан бо таъхир ба дарки буҳрони Афғонистон ва таҳдидҳо аз ин мамлакат  оғоз намуданд, ки аллакай дер шуда буд. Баррасӣ ва пешгӯии масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар авлавияти рӯзномаи кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, нақши таъсиргузор доранд.

Илова бар ин бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  феҳристи шахсиятҳои  варзидаи олам  мақоми шоиста доранд. Чеҳраи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақ эътироф намуда, гуфтан мумкин аст, ки Президенти Тоҷикистон дар баробари  хизматҳои шоён ба миллату давлати навини тоҷикон  боз пешоҳанги  ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ низ мебошанд.

Суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша бо пешниҳоду ташаббусҳои асосноку созанда, пеш аз ҳама, ба таъмини амният ва рушди муштараки устувор, таҳкими ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, инчунин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халкҳои минтақа равона гардидаанд.

Ташаббус ва таклифҳои мубрами байналмилалие, ки Тоҷикистон пешниҳод намудааст, бо дарназардошти вазифаҳои муштараки мамлакатҳои минтақа дар рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои муосири бавуҷудомада саривақтӣ ва воқеӣ мебошанд.

Ташаббуси дигари муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обу иқлим ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки беш аз 60 дарсади манобеи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Вобаста ба ин дар даврони истиқлол бо ибтикори Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома дар бораи об қабул намуд. Қатъномаҳои мазкур дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузошта, дар ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳалли онҳо саҳми арзанда гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти обро барои истифода ва зиндагии муштараки давлатҳои минтақа дарк намуда, ба СММ ташаббуси наверо оид ба эълони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» пешниҳод намуданд, ки якдилона қабул гардид.

Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон як платформаи беназир ва муҳимми ҳамкории ҷаҳонӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти иқлимӣ дар тамоми сайёра саҳми арзанда гузорад.

1 сентябри соли 2023 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро бо иттифоқи оро қабул намуд.

Бояд ёддовар шуд, ки бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зимни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк) садо дода буд.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 пазируфт.

Дарвоқеъ, Конфронси СММ оид ба об дар Тоҷикистон (соли 2028) бори аввал дар ҷумҳурии мо баргузор гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҷумҳурӣ рӯйдоди таърихии беназир хоҳад шуд.

Дар ин ҷо мехоҳам як марҳилаи муҳими таърихиро оид ба ташаббусҳои мамлакатҳои ҷаҳон дар доираи СММ, аз ҷумла Тоҷикистон ва қатъномаҳои махсуси СММ марбут ба ин ташаббусҳо  бароятон  шарҳ диҳам. Аз соли 1999, яъне аз соли пешниҳоди аввалин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон то ҳол СММ вобаста ба ташаббусҳои давлатҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун қатъномаҳои махсус оид ба эълони солҳоро дар ин ё он мавзуи муайян қабул намудааст. Аксарияти ин қатъномаҳо ҳоло вобаста ба моҳияташон амал намекунанд ё муҳлати татбиқашон ба итмом расидааст, ки пайгирии мавзуъ ва идомаи ёфтани чунин ташаббус имкон надорад ё мувофиқи мақсад шуморида намешавад. Вале дар баробари ин ҳама қатъномаҳои СММ, ки  аз соли 1999 то соли 2023 вобаста ба ташаббусҳои мамлакатҳои ҷаҳон қабул шудаанд, бояд махсус иброз  намоям, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи об, ки тамоми мавҷудоти олам аз он вобастагӣ дорад,  ягона қатънома ва ташаббуси амалкунанда ё зиндае мебошанд, ки тайи ду даҳсола амал намуда истодаанд. Баъда аз гузашти солҳо имрӯз низ пайгирии минбаъдаи мавзуи мазкур дар доираи дипломатияи об дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, вобаста ба ташаббусҳои навбатии ҷумҳурии мо қатъномаҳои махсуси СММ пай дар пай қабул гашта истодаанд. Метавон гуфт, ки мавзуи интихобнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ-  ин худ бозгӯи сиёсати санҷида ва ояндабинонаи бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақсими одилонаи манбаъҳои обӣ дар минтақа низ хеле таъсиргузор ва калидӣ буда, зимни суханрониҳои хеш борҳо омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати истифодаи  оби кӯли Сарез барои ҳамаи мамлакатҳои минтақа иброз доштаанд, ки аз сиёсати башардӯстонаю сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва хизмати шоистаи ӯ ба тамоми мардумони минтақа мебошад.

Дар маҷмуъ бояд изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун ташаббускори ду раванди муҳимми ҷаҳонӣ, яъне «Раванди Душанбе дар масъалаи об» ва «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» эътироф гардидааст.

Дарвоқеъ, ташаббусҳо ва талошҳои Президенти мамлакат барои ҳамгироӣ, муттаҳидшавӣ ва умаман наздикшавии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи мамлакатҳои ҳамсояи мо муҳим, саривақтӣ ва дар умум мусбат пазируфта мешаванд. Зеро ҳама ташаббусҳо ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу амният, рушди устувор ва ояндаи дурахшони минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, мамлакатҳои минтақа, махсусан президентҳои ин мамлакатҳо ба ин фаъолияти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, эҳтиром ва эътирофи хосса зоҳир менамоянд.

Далели ин амр дар он зоҳир мешавад, ки роҳбарони кишварҳои абарқударти ҷаҳонӣ ва инчунин роҳбарони давлатҳои минтақа дар суханрониҳои худ оид ба таҷрибаи ғании роҳбарӣ ва сарварии сиёсии муваффақ ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ  будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус иброз намуда, он касро борҳо бо мукофотҳои олӣ ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ сарфароз гардонидаанд. Махсусан нақши калидӣ ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тақвияти дӯстӣ, бунёди намунаи олии ҳамкорӣ байни мамлакатҳои минтақа ва тавсеаи ҳамкории судманду созанда дар байни Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба инобат гирифта, президентҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофотҳои олии давлати худ ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ сарфароз гардонидаанд.

Масалан, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёв дар бораи шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханони нек гуфтаанд, ки иқтибос меорем: «Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди фарзонаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносем, ки ба хотири сулҳу оромӣ ва шукуфоии давлататон бо суботкории зиёд заҳмат мекашед».

Баланд гаштани эътибор ва маъруфияти ҷаҳонӣ касб намудани  Президенти  давлати мо, пеш аз ҳама, аз муваффақияти касбӣ, хизматҳои  бесобиқа,  фикру андешаҳо дар бораи  созандагию бунёдкорӣ ва сатҳи  маҳбубияташон дар байни мардумони Тоҷикистон, минтақа  ва ҷаҳон бармеояд.

Дар бораи мақом ва  эътирофи  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  сарвари сиёсии пуртаҷриба дар сиёсати байналмилалӣ гуфтаҳои  сарварони  сатҳи баланди ҷаҳонӣ низ хеле  зиёд мебошанд. Аз ҷумла,  барои тақвияти  ин гуфтаҳо  суханони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро  дар Саммити  якуми  сарони  давлатҳои  «Чин – Осиёи Марказӣ» ба хотир меорем, ки чунин ибрози андеша  намудааст: «Шумо, Ҷаноби Президент,  миёни мо — сарони давлатҳо  аз ҳама сиёсатмадори  пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи  таъсиси  Созмони  ҳамкории Шанхай қарор доштед. Шумо хеле  сиёсатмадори  хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди  муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо  барои мо ниҳоят  муҳим мебошанд».

Воқеан ҳам эҳтирому эътирофи  Сарвари сиёсии  давлати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ- ин эҳтирому эътирофи миллату давлат ва соҳибистиқлолии  Тоҷикистони азиз мебошад.

Маҳз маҳорати идоракунӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсию адолати иҷтимоии сарвари давлати тоҷикон сабаб гардид, ки на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ шуҳрату эътибор пайдо намоянд.

Бояд иброз намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ комилан ва ҳамеша дастгирӣ ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгириҳоро қадр менамояд ва он аз сиёсати неки ҳамсоягӣ ва дастгирии мутақобилаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дарак медиҳад. Итминони комил дорем, ки ин иқдомҳо дар пешрафти минтақа саҳми бузург хоҳанд дошт.

Ҳамзамон мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои глобалии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СММ, ки ба рушди минтақа нигаронида шудаанд, дастгирӣ намуда, минбаъд низ дастгирӣ хоҳад кард.

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти воқеии башарият пешниҳодҳои воқеӣ ва муассир буда, ҳадафу вазифаҳои онҳо вобаста ба авлавияташон хеле оқилона гузошта шуда буданд.

Мавқеи санҷидашуда ва мутавозини Тоҷикистон, бешубҳа, ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва мавқеи минбаъдаи давлат ҳамчун неруи бонуфуз, созанда дар суботи минтақавӣ мусоидат менамояд.

Хулоса,  метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Сарвари сиёсии муваффақ, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, кафили ҳифзи манфиатҳои миллию минтақавӣ ва обрӯю эътибори миллати тоҷик дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебошанд.