Перейти к содержимому
 

««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Аз 12 то 22 сентябр даври сеюми озмун доир мешавад.

ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки 1605 нафар довталаб оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар».

Дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 ҳазору 735 нафар дар даври дуюми озмун иштирок намуданд. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

Дар озмун соли равон довталабони зиёде иштирок намуданд.

Раиси комиссияи озмун ба аъзои ҳакамон дастур додааст, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд ва нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Инчунин ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шуд, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 12 то 22 сентябр баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.