Дар раванди ҷаҳонишавӣ телевизион дар баробари ташаккул додани афкори ҷомеа, инчунин воситаи муҳимтарини расонидани хабарҳои оҷил шинохта шудааст. 32 сол дар назди таърих хеле вақти кам аст. Аммо соҳаи телевизион дар ин муддат бо суръат пеш рафт. Хусусан, дар ин муддат яке аз аввалинҳо шуда дар миқёси Осиёи марказӣ бо ташаббуси Сарвари давлат телевизион барои кӯдакону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат масъалаи тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии кӯдакону наврасонро дар мадди аввал гузошта буд. Ин буд, ки Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 № 350 таъсис дода шуд. Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» санаи 4 сентябр иштирок намуда, бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ фаъолияти ТВ «Баҳористон»-ро оғоз карда буданд. Мақсад аз таъсиси Муассиса дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ тарбия кардани кӯдакону наврасон, шиносоӣ бо арзишҳои волои милливу умумибашарӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бадеию эстетикии онҳо мебошад.
Имрӯз ТВ "Баҳористон" дар баробари анҷом додани рисолати худ-таълиму тарбияи насли наврас ва фароғат бахшидан, дар омода намудани кадрҳои соҳа низ нақши муассир дорад. Дар тӯли 17 соли фаъолият даҳҳо дастпарварони ин даргоҳ чун мутахассисони варзида дар шабакаҳои гуногуни телевизионӣ фаъолияти худро идома дода истодаанд. Таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар ва Кумитаи телевиҳион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин шабака пайваста эҳсос гардида, боиси дилгармии аҳли кормандони ин даргоҳ ба касбу кори худ шудааст.
Рӯзи таъсисёбии "Телевизиони Баҳористон" ба ҳамаи кормандон ва мухлисонаш муборак бошад!
БО КАМОЛИ ЭҲТИРОМ, РОҲБАРИЯТИ "ТЕЛЕВИЗИОНИ БАҲОРИСТОН"