Перейти к содержимому
 

Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ карда шуд.

ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 август дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Фестивал-намоиши хӯрокҳои миллӣ ва мусиқӣ баргузор гардид, ки дар он  имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон низ муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Ба иттилои Сафорат, дар қатори дигар муассисаҳои дипломатии давлатҳо хӯрокҳои миллӣ, аксу ангора ва ҳунарҳои мардумии таҷассумгари таъриху фарҳанги Тоҷикистон ба  намоиш гузошта шуд.

Иштирокдорони Фестивал-намоиш ба гӯшаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷониби меҳмонон ба ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии тоҷикӣ баҳои баланд доданд.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо иштироки сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид.