Перейти к содержимому
 

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори «Мардумшиносӣ» ифтитоҳ гардид.

ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» бахшида ба 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори «Мардумшиносӣ», ки инъикосгари паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик мебошад, ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки толори мазкур доимӣ буда, инъикосгари тарзи зисту зиндагӣ, урфу одат ва маданияти моддию маънавии халқи тоҷик мебошад. Он дар муаррифии арзишҳои таъихиву фарҳангии миллати тоҷик нақши муассир хоҳад гузошт.

Ҳамзамон дигар баромадкунандагон таъкид намуданд, ки осори мазкур ифодагари ҳунарҳои волои қадимии занону мардони тоҷик буда, дар

ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ нақши муассир мегузорад.

Дар толори «Мардумшиносӣ» беш аз 900 маводи марбут ба мардумшиносӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Осори дар толор ба тамошо бароварда марбут ба ҳунарҳои гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, чӯбгарӣ, чармгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ ва ғайраҳо буда, аз таърихи куҳани ин ҳунарҳо ва маҳорати баланди ҳунармандони тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Дар як гӯшаи толор ҷома, камзулча, тоқӣ, шамолдиҳак, пешбандак, чойхалта, куртаи чакан, миёнбанд, сӯзанӣ, шероза, оинахалта, чодар, болинпӯш, рӯймол, дастархон, кӯрпача, ҷӯроб, матоъҳои атласу беқасаб ва читгарӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Зимнан дар гӯшаи дигар сандуқча, чархчӯб, чархдег, табақча, кафча, ғалтак, кафлез, элак, қолаб, панҷара, шона, сабад, обгир, асбоби риштабофӣ ва дигар навъи ашёи марбут ба ҳунари чӯбгарӣ гирд оварда шудаанд.

Заргарӣ, ки яке аз ҳунарҳои қадимии ниёгони тоҷикон аст. Дар гӯшаи охирини толори мазкур гӯшвор, ангуштарин, дастпона, гарданбанд, камарбанд, қулфи гиребон, пешонабанд, туморгардан ва амсоли инҳо пешниҳоди тамошобинони осорхона гардонида шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Осорхонаи миллӣ осори марбут ба ҳунармандии тоҷикон низ ҷамъоварӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҳифз мешавад. Ифтитоҳи толори «Мардумшиносӣ» имкон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумии тоҷикон боз ҳам бештар муаррифӣ гарданд.