Перейти к содержимому
 

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба соли нави хониш омодагӣ мебинанд.

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. То оғози соли нави таҳсил   рӯзҳои башумор боқӣ монда, ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии  мамлакат  барои сазовор пешвоз гирифтани ин рӯз омодагӣ мебинанд.  Имсол таҷлили Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар назар дошта шудааст.

Тибқи таҳлили оморӣ, имсол  тақрибан 220 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Мирзо, «дар айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ 3967 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 301 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 431 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ  ва 3235 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои типи нав 159 адад буда, аз ҷумла 76 гимназия ва 83 литсей сабт шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2021-2022 дар мамлакат 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ зиёд шудааст».

Шумораи умумии хонандагон 2 миллиону 232 ҳазору 114 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 79 ҳазору 197 нафар духтарон мебошанд.

Инчунин соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муасисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди 4 муассисаи  таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба уҳдаи Вазорати маориф ва илм сохтмони 16 иншоот гузошта шудааст. То ин давра аз ин шумора дар 5 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар 10 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, лоиҳакашии 1 иншоот соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Тавре сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод, дар соли нави таҳсили 2023-2024 дар шаҳри Душанбе 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4344 хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Ба гуфтаи мавсуф, дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 11 ҳазору 396 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.

«Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 274 ҳазору 920 хонанда фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 6 муассисаи таълимӣ ва 6518 нафар хонанда зиёд мебошад», -иброз дошт Асомиддин Бобозода.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар айни замон тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат барои таҷлили шоистаи Рӯзи дониш омодагӣ мебинанд.

«Боварӣ дорам, ки Рӯзи дониш дар саросари мамлакат бо шодию фараҳ пешвоз гирифта мешавад. Чун ҳамасола  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар як муассисаи таълимӣ бо хонандагону донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд ва  бурду бохти соҳаро тавзеҳ дода, ҳамагонро ба омӯхтани илму дониш, ки чароғи роҳи инсоният аст, даъват менамоянд», -иброз дошт ӯ.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни ба истифода додани бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба падару модарон, зиёиёну фаъолон ва аҳли ҷомеа муроҷиат намуданд, ки масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.

«Яъне мо – падару модарон ҳаргиз фаромӯш насозем, ки ояндаи Тоҷикистон ва фардои давлату миллат ба фарзандону набераҳои мо – наврасону ҷавонон тааллуқ дорад», -изҳор намуданд Сарвари давлат.

Ҳамзамон ба Вазорати маориф ва илм дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намоянд.

Директори «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Асҳобиддини Шералӣ гуфт, ки имсол бори нахуст муассисаи мо дари худро барои толибилмони синфҳои якум боз намуд. «Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро мебояд, ки дар якҷоягӣ насли фардосозро ба таҳсил, таълиму тарбия фаро гирему онҳоро ба ояндаи нек раҳнамун шавем, ки дар ин кор хусусан нақши омӯзгор аввалиндараҷа аст. Боварӣ дорам, ки хонандагон бо хурсандии беканор ба ин муассиса қадам мениҳанд. Мо,  омӯзгорон низ кӯшиш менамоем дар ҷодаи илм ҳамеша дастгиру роҳнамои онҳо бошем, то тавонем онҳоро чун мутахассисони варзида тарбия намоем».

Ба гуфтаи мавсуф, хушбахтона, таваҷчуҳи волидон нисбат ба муассисаи таълимии мо хеле зиёд аст  ва онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон дар ҳамин дабистон таҳсил намоянд. Умедворем, ки ин кӯдакони хуштолеъ бо омадани худ ба мактаб метавонанд ҳам илму дониш омӯзанд ва ҳам барои фардои Тоҷикистон чун фарзандони соҳибилму бохирад саҳми арзанда гузоранд.

«Муассисаҳои мо тибқи шароити замонавӣ ва стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд. Дар пеши мо вазифаи хеле пурмасъул-тарбияи ҷавонони болаёқат, омӯзонидани донишҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин дар руҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо меистад»,-гуфт мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр дар ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Рӯзи дониш маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварӣ мебошад. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру ҳастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату ақлу заковати инсонҳо аст.

Тавре шоир фармудааст:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.