Перейти к содержимому
 

СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ФАРО МЕРАСАД! Дар Душанбе 5 мактаби нав ба истифода дода мешавад.

ДУШАНБЕ 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави таҳсили 2023-2024 дар шаҳри Душанбе 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4344 хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус зимни баргузории машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 11 ҳазор 396 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.

Тазаккур дода шуд, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 274 ҳазору 920 хонанда фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 6 муассисаи таълимӣ ва 6518 нафар хонанда зиёд мебошад.