Перейти к содержимому
 

РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Дар оғози соли хониш дар Душанбе 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад.

ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли таҳсили 2023-2024 дар шаҳри Душанбе 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 350 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус зимни баргузории Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳсилоти рақамӣ – омили муҳими рушди соҳаи маорифи пойтахт» иттилоъ дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Зимни он муовини Раиси шаҳри Душанбе  Дилбар Одилзода иброз дошт, ки танҳо соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой мавриди истифода қарор дода шуд.

Илова бар ин дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 2110 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31 ҳазору 471 нафар тарбиягиранда фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 732 тарбиягиранда зиёд гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.

Нақшаи мазкур барои марҳилаи якум- солҳои 2023-2024 тасдиқ шуда, мақсад аз андешидани маҷмуи тадбирҳо оид ба сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва инноватсионӣ — таълимӣ мебошад

Инчунин дар доираи нақшаи мазкур аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар назар дошта шудааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ошёнаҳои якуму дуюми биноҳои баландошёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе 45 муассисаи томактабӣ барои беш аз 7690 ҷой таъсис дода мешавад, ки дар ин самт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон  барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ талош меварзад. Далели он таҳия ва тасдиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» мебошад, ки дар доираи  он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 мутобиқи нақша муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, рақобатпазирӣ дар гирифтани таҳсили босифати томактабию умумии хусусӣ таъмин гардад

Ҳамин ҷаҳду талош аст, ки соли 2022 Тоҷикистон дар радифи 10 давлати ҷаҳон барои ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Матлаби мазкур дар нашрияи «Finance Inquirer» бо такя ба натиҷаи таҳқиқоти байналмилалии RGCA (Гурӯҳи тадқиқотии Осиёи Марказӣ), маълумоти ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва OECD (Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) рейтинги динамикаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дарҷ шудааст.

Дар радифи 10 давлати ҷаҳон Узбекистон бо 59 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 33 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои дуюм ва Беларус бо 7 фоиз дар ҷойи сеюм қарор гирифта буданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳисобот тамоюлҳои дарозмуддати таҳсилоти ибтидоии кӯдакон дар солҳои 2018-2020 шарҳу тафсир шудаанд. Тибқи  маълумоте, ки дар ин ҳисобот оварда шудааст, вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар аксар минтақаҳо ё рӯ ба рукуд овардааст ё ба минтақаи рушди манфӣ гузаштааст. Ин дар ҳоле мебошад, ки якчанд давлат дар ҳолати рушди назаррас қарор доранд. Ба шумори чунин кишварҳо Русия, ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва амсоли он дохил мешаванд.