Перейти к содержимому
 

Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе «Чӯҷаи тиллоӣ»-ро барои истироҳаткунандагон намоиш медиҳад.

ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таътили тобистона Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба истироҳатгоҳҳо сафар намуда, намоишҳои гуногун, аз ҷумла «Чӯҷаи тиллоӣ», «Бутчаи шодмонӣ» ва «Маликаи бадбахт» — ро пешкаши тамошобинон намояд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқзода иттилоъ додааст.

Ҳунармандони театр барои кӯдакон инчунин намоиш-консертҳо ташкил мекунанд, мактаббачагон метавонанд бо қаҳрамонони саҳнаҳо аз наздик шинос шуда, хушҳолӣ кунанд.

«Чӣ тавре маълум аст, намоиш-консертҳо ба наврасон шодию сурур ва лаҳзаҳои зиёди хотирмон мебахшад. Мактаббачагон ва кӯдакони хурдсол тамошобинони хеле нозуканд, онҳо махсусан зуд ба эҳсосот дода мешаванд. Намоишномаҳои Театри лӯхтак ба онҳо хушҳолӣ бахшида, барояшон аҳамияти тарбиявӣ ва маърифатӣ доранд. Ин намоишномаҳо тавассути каҳрамонҳои асар ба кӯдакон дар бораи дӯстӣ, меҳрубонӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ қисса намуда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят месозанд», — гуфт Наргис Розиқзода.

Айни замон дар Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе мавсими 38 — уми интихобӣ баргузор гашта истодааст. Ба гуфтаи роҳбари бадеии Театри лӯхтак, имсол ҳунармандони театр пешниҳоди намоишҳои бисёр ва сафарҳоро ба нақша гирифтаанд.

«Имсол мо 3 намоиши навро ба саҳна гузоштем, ду спектакл ба анҷом расид, сеюмӣ то охири мавсими театрӣ – то охири моҳи июн идома хоҳад кард. Дар олами лӯхтакҳо усулҳои гуногун мавҷуданд, ҳоло мо аз шоу — барномаҳо истифода мебарем — инҳо рақамҳои консертӣ мебошанд, ки бо лӯхтакҳо доир мегарданд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар бораи дустӣ, мехрубонӣ, садоқат ва вафодорӣ намоишҳоро ба саҳна гузорем, бинобар ин ба театри мо кӯдакон ва падару модарони онҳо бо камоли мамнуният меоянд. Мо саъй мекунем, ки асарҳоро бо ду забон намоиш диҳем ва дар таътили зимистона бо мактаббачагон кор кунем. Моҳи феврал мо намоиши нави «Саргузашти харгӯш»-ро омода кардем. Муаллифи ин асар Шамсӣ Қиёмов мебошад. Ба тамошобинон намоишнома, достони табибон, дӯстӣ, баробарӣ хеле писанд омад», — гуфт номбурда.

Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки «моҳи март ҳунармандони театр бо намоишномаи «Маликаи нозанин» дар Бухоро сафари ҳунарӣ доштанд. Намоиш ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардида буд. Дар ҷашни Наврӯз мо ин намоишномаро ба кӯдакону наврасони Бухоро ва атрофи он пешкаш намудем. Ҳоло дар театри мо 12 нафарҳунармандони дорои таҷрибаи калон фаъолият мекунанд. Студияи бачагонаи «Исмоил» соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар студия фарзандони оилаҳои камтаъмин таҳсил мекунанд. Мо ба кӯдакон ҳунармандӣ, сурудхонӣ, рақс, лӯхтакбозиро меомӯзем. Маҳорати актёриро ба онҳо устодони пуртаҷрибаи санъат меомўзонанд. Ҳама машғулиятҳо пас аз дарс дар театр доир мешаванд».

Бояд гуфт, ки Театри лӯхтак аввалин театри бачагона мебошад.

«Мо бо театрҳои Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ҳамкории зич дорем. Аксар вақт коргардонҳоро аз Узбекистон ва Русия даъват мекунем, ки ба намоиш шаклҳои гуногун диҳанд, ҳунармандон аз таҷрибаи ҳамкасбони хориҷии худ омӯхта, маҳорати худро такмил диҳанд. Боиси хушнудист, ки студияи мо бори нахуст бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии театрии «Лӯхтак дар дасти кӯдакон», ки дар шаҳри Новокузнетски Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.

Студияи бачагонаи мо дар ин фестивал бо намоиши «Робия бо муйҳои ранга» баромад кард. Ба тамошобинон асар хеле маъқул шуд, он аз ҷониби онҳо баҳои хуб гирифт. Созмондиҳандагон хоҳиш карданд, ки ин намоишномаро соли оянда аз 1 то 5 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон намоиш диҳем, то ки суннат ва фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ намоем», — шарҳ дод Наргис Розиқзода.

Бояд ишора кард, ки чанде пеш ҳунармандони театр дар деҳаҳои дурдасти Кӯлоб, Шаҳритус ва Носири Хусрав тамошобинони хурдакаки худро бо намоишҳои шавқовар шод гардонданд.