Перейти к содержимому
 

Дар шаҳри Турсунзода бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 мавриди истифода қарор дода шуд.

ТУРСУНЗОДА, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки меҳмонону сокинон ва роҳбарияти шаҳр бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 –и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навобод мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои 8 синфхонаи нав буда, бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ ва мизу курсӣ таъмин мебошад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии он моҳи январи соли равон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ оғоз шуда, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Ҳар як синфхонаи навтаъсиси ин муассисаи таълимӣ бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти хониш таъмин буда, баҳри донишомӯзии писарону духтарон шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Масъулин зимни сохтмон ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус равона намуда, бинои синфхонаи иловагии мактабро ба талаботи замона мутобиқ гардониданд.

Хушбахтона, маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди мактабҳои замонавии дорои шароити беҳтарини донишомўзӣ сатҳу сифати таълиму тарбия дар аксар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ба маротиб хубтар гардидааст.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 –и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки тамоми донишу таҷрибаи хешро ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва соҳибкасб шудани онҳо равона месозанд.