Перейти к содержимому
 

Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

ДУШАНБЕ, 28.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и маркази вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши идона доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҳамоиши идона тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, ятимони кулл, ғолибони олимпиада ва озмунҳо, Академияи хурди илмҳо ва кӯдакони хушбахти замони истиқлол иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар идгоҳ озмуну маҳфилҳои гуногун ташкил гардида, қаҳрамонони афсонаҳо шодишарики кӯдакон мегарданд.

Ҳамоиши идона соати 08:00 оғоз мешавад ва сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд бо фарзандони худ дар он иштирок намоянд.