Перейти к содержимому
 

ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.

ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 19 то 22 апрел дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон (Носири Хурсрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Румӣ, Вахш, Данғара, Восеъ, шаҳрҳои  Бохтару Кӯлоб), шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (Ёвон, Норак, Турсунзода, Ҳисор, шаҳрҳои Ваҳдат, Душанбе) чангу ғубор ба амал меояд.

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии вилояти Суғд (Истаравшан, Спитамен, Мастчоҳ,  Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент)  бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шимолӣ ба мамлакат ворид гардидааст), баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.

Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.

Ба иттилои агентӣ, аз 19 то 22 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят 19 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, 20-22 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. 19 апрел чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 19-21 апрел дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.