Перейти к содержимому
 

Ҷурабой Бобоҷонов аз шаҳри Хуҷанд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» дониста шуд.

ДУШАНБЕ, 28.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷурабой Бобоҷонов ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии   «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни озмун — Азизамоҳ Идиева, Фарангез Оддиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Гулнамо Мамадгаминова ва Бахтовар Ҳукумзода бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 январи соли равон  дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022» оғоз гардид, ки дар он  муаллимони  фанҳои  забони англисии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе Фарангез Оддиева, забон ва адабиёти тоҷики Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадгаминова,  алгебра ва геометрияи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода,  физика ва астрономия, роҳбари маҳфили фанни физикаи МДРИ-и вилояти Суғди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷурабой Бобоҷонов ва омўзгори   синфҳои ибтидоии МТМУ №99 -и шаҳри Турсунзода Азизамоҳ Идиева ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд.

Озмун се рӯз идома ёфта, дар он аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ғолибон муайян карда шуданд.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод, муаррифии таҷрибаи пешқадами онҳо ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.

Дар маросими ҷамъбастии озмун Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳоитобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд.