Перейти к содержимому
 

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ кўдакистони маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ навсозӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирию кумаки Раиси Маҷлиси  миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бинои кӯдакистони №2 навсозӣ мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ин муассисаи томактабӣ бо тарҳи  замонавӣ  сохта шуда, ҳуҷраҳои он  бо ашёҳои муосири таълиму тарбия ҷиҳозонида мешаванд. Иншооти мазкур то ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Баъди навсозии пурраи  кӯдакистон  дар он  наздик ба  50 мураббия  соҳиби ҷойи кор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Тирчид яке аз  маҳаллаҳои сернуфузтарини шаҳри Хоруғ маҳсуб мешавад. Кӯдакистони  ин  маҳалла  соли 1976 бунёд шуда,  бо мурури замон  куҳнаву фарсуда гардида, зарурати сохтмони бинои нави он ба миён омада буд. Айни ҳол дар ин боғчаи бачагона  70 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта  шудааст. Баъди навсозии ин муассисаи томактабӣ имкони ба таълиму тарбия фаро  гирифтани  200  нафар кӯдак пайдо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  навсозии кўдакистони мазкур  бо ташаббуси  Раиси  Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ  амалӣ  гардида, аз ҷониби соҳибкори шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов  анҷом дода  мешавад.