Перейти к содержимому
 

БЕМАСЪУЛИЯТИИ ВОЛИДАЙН. Дар Душанбе давоми чор сол аз ноболиғону наврасон шумораи зиёди силоҳи сард мусодира гардид.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 сол аст, ки аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон амалиёти муштарак гузаронида мешавад. Зимни амалиёти мазкур ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ҷинояткориҳо дар байни ноболиғону наврасон, аз ҷумла бо волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора зимни мулоқоти намояндагони мақомоти милитсия бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино, раисони кумитаҳои маҳал ва фаъолони ҷомеа баён карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар мулоқот иброз гардид, ки гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, ҳанӯз аз ҷониби баъзе аз волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки ҳоло ҳам сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасон, содир намудани ҷиноятҳои дуздиву ғоратгарӣ, бо худ гардонидани яроқи сард, махсусан корд ва шабгардиву ба амалҳои ношоям даст задани наврасон решакан нагардида, боиси нигаронӣ мебошад.

Мулоқоти мазкур бо мақсади тавзеҳи бандҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва баррасии роҳҳои ба илму дониш роҳнамоӣ сохтани ин қишри ояндасози ҷомеа доир гардид.

Дар он сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Бухоризода, муовини раиси ноҳияи Сино Ашурбӣ Каримова ва сардорони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтанд, ки барои илмомӯзии наврасон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба ин аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон чорачӯӣ карда шуда, сол то сол шумораи он коҳиш меёбад. Вале чуноне таъкид гардид, ҳамаи ин нишондиҳандаҳо кофӣ набуда, бояд ҳамагон ба таври дастҷамъона дар тарбияи наврасон саҳми арзанда гузорем, зеро ояндаи дурахшони давлату миллат аз насли донишманду ватандӯст вобастагии калон дорад.