Дар рӯзи дуввуми озмуни мазкур довталабон аз рӯи номинатсияи эҷодиёти назму наср бо чеҳраи болида дар назди ҳакамон ҳозир шуда, шеъру ғазал, достон, рубоӣ ва муханнасҳои аз худ намудаи хешро пешниҳод намуданд. Тибқи иттилоъ дар номинатсияи эҷодиёти назму наср 90 нафар довталаб - 50 нафар аз бахши наср ва 40 нафари дигар дар бахши назм ширкат дошта, ҳунару маҳорат ва малакаи зеҳнии худро нишон медиҳанд. Аз рӯи номинатсияи зикршуда, дар бахши назм 26 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11 инчунин 24 нафар донишҷуён, омӯзгорон ва калонсолон иштирок мекунанд. Дар бахши наср 20 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11, 20 нафар донишҷӯ, омӯзгор ва калонсолон номнавис гардидааст, ки шумораи умумии онҳо 90 нафарро ташкил медиҳад.