Перейти к содержимому
 

Ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Иштирокчиёни даври ниҳоии озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср маҳорат меозмоянд. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини сарвазири ҶТ Матлубахон Сатториён суханронӣ карда, ба тамоми довталабон муваффақиятҳо таманно намуд. Гуфта шуд, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», 442 нафар довталаб ширкат менамояд, ки аз он 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 83 нафар донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.