Перейти к содержимому
 

«Ҷоми шаҳри Душанбе»

Имрўзҳо бо ташаббуси ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни кӯдакон ва наврасони 12-13 сола мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» идома дорад. Ин мусобиқа бо иштироки 60 дастаи футбол дар майдончаҳои навбунёди чор ноҳияи пойтахт ҷараён гирифта истодааст. Иқдоми мазкур бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он пешгирӣ аз беҳудагардию даст назадани насли наврас ба корҳои номатлуб маънидод карда мешавад. Ба иттилои масъулин баъд аз он, ки дар ҳудуди пойтахт майдончаҳои варзишии муосир бунёд шудааст,  шумораи ҷиноятҳо низ аз ҳисоби наврасони беҳудагард  коҳиш ёфта, дастаҳои футболи кӯдакона низ бештар шудааст, ки ҳар як тим бо мураббӣ таъмин гардидаанд. Мусобиқа дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қадршиносии ғолибон ҷамъбаст мегардад.