Перейти к содержимому
 

Роҳандозии мусобиқаи байналмилалии теннис барои дарёфти ҷоми Президенти ҶТ

Дар корти тобистонаи тенниси ш. Душанбе бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии  Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 64 нафар  варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шриланка, ИМА, Олмон ва Исроил  иштирок менамоянд.