Перейти к содержимому
 

Шаҳрванди Австралия Мина Гули дар масири Дарвоз-Ванҷ дави навбатии худро анҷом дод.

26-уми май шаҳрванди Австралия Мина Гули дар масири Дарвоз - Ванҷ дави навбатии худро анҷом дод. Мавриди қайд аст, ки марафони анҷом медодаи варзишгар аз марафонҳои маъмулӣ ба кулли тафовут дорад ва ӯро ба истилоҳ экомарафон низ мехонанд. Чуноне,ки худи Мина Гули дар яке аз мусоҳибаҳояш иброз намуда буд,«Нақши асосии ман дар Осиёи Марказӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи буҳрони об, нишон додани аҳамияти мушкилоти пайдошуда ва ташвиқи иқдом барои ҳалли он аст».Ба иқрори мавсуф  сафар ба Тоҷикистон барояш бисёр муҳим аст, зеро Ҳукумати кишвар дар масъалаи об нақши қавии пешвоӣ дорад.Ҳадафи дигари марафон ҷалб ба конфронси байналмилалии СММ оид ба барасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи пешрафт ва ноил шудан ба ҳадафҳои 10 солаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор солхои 2018 – 2028 мебошад.  Сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ Мина Гулиро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Ҳамзамон варзишгари австралиягӣ бо наврасон дави марафониро низ анҷом дод.Ҳамчунин суҳбати самимии баргузор намудаи ӯ бо  сокинони ноҳияи Ванҷ низ диққатҷалбкунанда буд.  Бо иштирок дар марафонҳо дар саросари кишварҳои гуногун, Мина тасвири воқеии ҷаҳонро дар бораи бӯҳрони об эҷод кард, бо сокинони маҳаллӣ соатҳо мусоҳиба анҷом дод ва филмҳои кӯтоҳмуддати зиёдеро намоиш дод, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон паҳн шуданду ба баланд бардоштани шуурнокии ҷомеа оид ба масъалаи сарфаи об дастраси миллиардҳо одамон гашт.Ёдовар мешавем,ки дар Тоҷикистон марафони дави ӯ то 10 июн идома меёбад.Дар ин муддат ӯ нақша дорад, ки 10 марафонро дар масофаи 458,2 километр тай карда, аз манбаъҳои бойи обии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии «Роғун»-у «Норак» ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намояд. Интизор меравад, ки Мина Гули дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-8 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат варзад.