Перейти к содержимому
 

Фестивал-озмуни истеъдодхои навраси ш. Душанбе «Шукуфахои пойтахт»

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе» бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, вазорати маориф ва илми ҶТ, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт Маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтиъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» муовини Раиси ш. Душанбе паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанберо ироа карда, қайд намуд, ки «Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташвиқи ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ доир намудани силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарори Раиси ш. Душанбе аз 18-майи соли 2022, таҳти №237 Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ш. Душанбе» ба имзо расид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи он аз 26-май то 1-июни соли 2022 дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе» эълон гардидааст. Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» Конференсияи илми-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии ш. Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табии-риёзӣ баргузор карда шуда, дар умум дар кори он зиёда аз 450-лоиҳаҳои эҷодӣ пешниҳод карда шуд, ки аз миёни онҳо 150-нафарашон бо дипломҳои дараҷаҳои 2,3 ва 25-нафарашон аз рӯи бахшҳои алоҳида соҳиби дипломҳои дараҷаи 1 гардиданд. Инчунин, рӯзҳои сеюму чоруми ҳафта Форуми наврасону ҷавонони ш. Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 85-лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҷониби хонандагон муаррифӣ гардид. Дар умум муаллифони 10-лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ «Шоҳҷоиза»-и озмунро ба даст оварданд. Рӯзи панҷуми ҳафта бошад, Намоиши дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе дар толори «Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи ш. Душанбе» баргузор карда шуд, ки дар он ихтироъкорони наврас 28-лоиҳаи худро муаррифӣ ва намоиш доданд. Имрӯз ҷоизадорони Форуми наврасону ҷавонони ш. Душанбе оид ба технологияҳои таълимии ш. Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе сарфароз гардонида шуданд. Бояд зикр намуд, ки Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе дар се давра байни хонандагони синфҳои 1-9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз руйи шартҳои «Ровиён», «Суруди якка», «Рақси якка», «Рақси гурӯҳӣ», «Хорсароӣ», «Навозандагӣ», «Маҳорати актёрӣ» ва ғайра доир гардида, дар маҷмӯъ дар он зиёда аз 1000-нафар ширкат варзиданд. Ба даври шаҳрии Фестивал-озмун бошад, наздики 200-нафар роҳхат гирифта, пас аз ҳунарнамоӣ назди ҳайати ҳакамон 17-навраси соҳибистеъдод ва 9-ансамблу гурӯҳҳои худфаъолияти назди Муассисаҳои таълимӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» ба таври бошукӯҳ доир шуда, дар идомаи он барномаи фарҳангии омоданамудаи иштирокчиёни Фестивал–озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» пешниҳод гардид.