Перейти к содержимому

Озмуни телевизиони «Нодир», лоиҳаи нави шабакаи ТВБ буда, мақсади он пайдо намудани кӯдакону наврасони боистеъдод мебошад.  Лоиҳаи мазкур барои болоравии сатҳи дониш ва  маърифати кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Дар лоиҳа наврасону ҷавонони боистеъдод  аз тамоми  гӯшаву канори ҷумҳури метавонанд иштирок кунанд.

Ба худ боварӣ дори!? Пас биёву худро бисанҷ!


14.09.2018


Муассисаи ТВБ ба хотири тарғиби табиати нотакрори диёр ва истиқболи ҷашни “Меҳргон” озмуни телевизионии расомони наврасро бо номи “Тирамоҳи заррин” эълон менамояд. Дар озмун кӯдакону наврасони аз 5 то 15 сола метавонанд, иштирок намоянд. Шумо метавонед расмҳои худро ба суроғаи мо кӯчаи Шероз 31, ТВ “Баҳористон”, ё  ба сомонаи ТВБ ирсол намоед.  Ғолибони озмунро сипоснома ва тӯҳфаҳо аз ҷониби муассиса интизор аст.

Рӯзи охири қабули расмҳо 25 уми октябр.


14.09.2018


Шеър чист?  Паёмест баҳри таскини дил. Роҳнамоест, сӯи маърифат ва хирад.

Дарки мафҳумҳои ватан, зебоӣ, худшиносӣ аз сини хурдсолӣ оғоз мегардад ва шеъру шеърдонӣ эҳсосест, ки ин ҳамаро мукаммал месозад. Лоиҳаи “Эҳсоси дилҳо” барои кӯдакону наврасоне, ки синнашон аз 5 то 15 солаанду нутқи бурро доранд ва шеърҳои зиёдро аз бар намуданд, имконияти беҳтарин аст.

Акнун ҳар ҳафта рӯзи душанбе аз соати 9.00 то 12.00 сабти шеърхонӣ дар бинои ТВ Баҳористон баргузор мегардад.

Телефон барои тамос: 221 97 66, 221 97 78


14.09.2018


Имрӯз ҳастанд кӯдаконе, ки бо санъату истеъдод ва завқи нотакрори худ, ҳатто калонсолонро дар ҳайрат гузоштаанд. Маҳз ба хотири чунин кӯдакон муассисаи ТВБ лоиҳае бо номи “Ангубин” пешниҳод намудааст. Фарзанди шумо ба хурдсолии худ нигоҳ накарда,  асарҳои гуногунро аз худ кардаасту шеърҳои зиёде медонад? Ё шояд ҳунару маҳорати махсус дорад? Пас волидони мӯҳтарам барномаи “Ангубин”  маҳз барои онҳост!!!


14.09.2018


Мухлисони хурдсоли мо бо тамошои барномаи Happy English пайваста  забони англисиро меомӯзанд. Инак,  барои боз ҳам такмил додани забономӯзии онҳо лоиҳаи нави ТВБ, бо номи Happy kids  пурра  бо забони англисӣ пешниҳоди шумо мегардад. Дар  барнома инчунин филмҳои тасвирӣ бо забони англисӣ ҷо шудаанд. Имконият надоштед, ки аз шабака барномаи дӯсдоштаатонро тамошо кунед? Пас аз сомонаи мо истифода баред!