Автор: ТВБ
Бахшида ба Рӯзи Пачами давлатӣ.
Васф ва таманиёти дустрӯякон бахшида ба Рӯзи Пачами давлатӣ.
Парчами давлатӣ-ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон.
Қироати муассир дар васфи Парчами давлатӣ.
Индирабону Турманова-«Ватан»
«Хор» -и умумӣ дар васфи Парчами давлатӣ.
«Ҳафтранг»
«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд.
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 115 довталаб даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаПешвои миллат: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид».
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад, — чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.
Идома