Перейти к содержимому
 

Дар мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи намуди инфиродӣ дар миёни писарон ду ҷои аввалро варзишгарони Тоҷикистон ишғол намуданд. Сомон Амонов сазовори медали тилло ва Фарҳод Ғайратзода сазовори медали нуқра шуданд. Миёни духтарон ду ҷои аввал насиби намояндагони Қазоқистон шуд. Ҷои аввалро Данаия Амангажиева, ҷои дуюмро София Сафиулина сазовор шуданд. Медали биринҷиро варзишгари мо Аниса Яҳёева ба даст овард.

Дар шаҳри Душанбе  ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид, ки он то 31 август идома меёбад. Ярмарка бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуд. Дар ярмаркаи мазкур  қариб аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои муайяни сару либос ва лавозимоти мактабиро пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин ярмарка дар маркази савдои «Панҷшер» -и н. Фирдавсии пойтахт таъсис дода шуд.

Дар корти тобистонаи тенниси ш. Душанбе бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии  Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 64 нафар  варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шриланка, ИМА, Олмон ва Исроил  иштирок менамоянд.

Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман», дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав бо иштироки ғолибони даври аввал сурат гирифт. Яке аз довталаби ин озмун Азиз Давлатзода  мебошад. Мавсуф дар озмуни мазкур дар номинатсияи сарояндагӣ  дар жанри академӣ ширкат варзида, ҳунару маҳорати сарояндагии хешро дар назди ҳайати ҳакамон  нишон дод. Иштирокчии дигари озмуни мазкур Абдурауф Юсуфов буда,  аз руйи наминатсияи сарояндагӣ дар жанри анъанавӣ иштирок намуд.

Бино бар иттилоъи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 сентябри соли равон дар пойтахт 11 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода мешаванд. Яке аз ин таълимгоҳ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 мебошад, ки корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шуд.  Бинои Муассиса аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 350 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод миёни наврасон баргузор гардид. Дар мусобиқаи гӯштини тарзи озод ба ҷузъ варзишгарон аз шаҳри Душанбе, инчунин иштирокдорон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ қуввасанҷӣ карданд. Дар натиҷа Умар Раҳимов, Бахтиёр Саидов, Амрулло Қаландаров, Саъдӣ Алиев, Муҳаммадюсуф  Бобоев дар вазнҳои худ зафар ёфтанд.

Дар мактаби байналмиллалии Президентии шаҳри Душанбе маросими қадршиносии озмун миёни хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид. Дар натиҷа аз 45 нафари довталабони дар озмун ширкат варзида, ба 28 нафари онҳо муяссар гардид, то соҳиби аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гарданд, ки аз ин шумора 11 нафарашон хатмкунандагони Муассисаҳои таълимии ш. Душанбе мебошанд. Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур аз ш. Душанбе 21 нафар, аз вилоятҳои Суғду Хатлон 10 нафарӣ ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 нафар иштирок карданд.

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии  «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва омӯзгорону ғолибони озмун ширкат намуданд. Дар даври дуввум дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 400 довталаб ширкат варзида, аз миёни онҳо 74 нафар аз рӯи наминатсияҳо ғолиб дониста шуданд. Дар як вақт ба ғолибон аз ҷониби масъулин диплом ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.