
15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии “Дарвоз Континентал”-ро ифтитоҳ намуданд.
Идома
15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии “Дарвоз Континентал”-ро ифтитоҳ намуданд.
Идома
15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шинос шуданд.
Идома
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои хуштарҳу замонавии Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.
Идома
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
ИдомаДар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи афзалиятноки ҷомеъа таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ҳамин аст, ки сол аз сол Муассисаҳои таълимиву томактабии замонавӣ мавриди баҳрабардории насли наврас қарор мегирад. Муассисаи томактабии №15-и н. Исмоили Сомонии пойтахт аз шумори ин иншооти замонавӣ аст, ки бо тарҳи хушсохти муосир тарҳезӣ шудааст. Кӯдакистони мазкур аз 2ошёна иборат буда, барои 100 нафар кӯдак бунёд гардида истодааст. Кӯдакистони зикргардида аз ҷониби ҶДММ «Партнер» сохта шуда, он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе маблағгузорӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур дар сатҳи зарурӣ идома дорад. Ёдрас мешавем, ки аз рӯи нақшаи Ҳукумати кишвар дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар ҷумҳурӣ сохта, ба истифода супорида шавад.




Майдончаи солимгардонии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамасола тибқи нақша фаъолият намуда, дар соли ҷорӣ низ дар 4 баст амал мекунад. Айни замон басти сеюм идома дошта, дар он 40 нафар кӯдак ба истироҳату фароғат ва омӯзиш машғул ҳастанд. Тибқи иттилоъи масъулин нахуст кӯдакон ҳангоми ба ин макон омадан ба машқи пагоҳирӯзӣ ва обутоби бадан машғул мешаванд. Дар ин баробар онҳо дар дигар машғулиятҳо низ иштирок намуда, байни ҳам санҷиши дониш ва дигар мусобиқаҳоро роҳандозӣ мекунанд. Дар як вақт истироҳаткунандагон ба китобхона ҷалб гардида, дар синфхонаи махсус ба мутолиа ва омӯзишу азхудкунии ҳикояву афсона ва дигар асарҳо машғул мешаванд.



Имрӯзҳо дар Муассисаҳои томактабии кишвар давраи солимгардонӣ ҷараён дошта, раванди он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Муассисаи томактабии рақами 83-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин давра хуб гузаронида шуда, ба кӯдакон шароити созгор муҳайё карда шудааст. Бино ба иттилои масъулин мураббияҳо аз рӯйи реҷаи корӣ, ки барои давраи солимгардонии кӯдакон омода гаштааст,машғулиятҳоро мегузаронанд. Машғулиятҳои кӯдакон бисёртар ба воситаи бозиҳои дидактикӣ ба роҳ монда шудааст, зеро дар ин давра онҳо ҳаматарафа обутоб ёфта, саломатиашонро боз ҳам инкишоф медиҳанд.




Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд. Ҳаминаст, ки ҳамасола дар айёми таътили тобистона кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Истироҳатгоҳи «Орзу» низ яке аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ буда, ҳамасола оғуши худро ба рӯи насли наврас боз менамояд. Айни ҳол дар истироҳатгоҳи номбурда басти сеюми итироҳат ҷараён дорад. Ба басти сеюми истироҳат 200 нафар хонанда фаро гирифта шудааст. Дар ин мавзеи зебо кӯдакону наврасон аз Муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ омадаанд ва ҳамарӯза истироҳати онҳо аз машқи пагоҳирӯзи оғоз гардида, баъдан ба бозиву маҳфилҳои гуногуни зеҳнӣ машғул мешаванд Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Орзу» истироҳаткунандагон бо 4 вақт хӯрокҳои серғизо ва афшӯраҳои мевагӣ таъмин карда мешаванд.




Фаъолияти шаш моҳаи соҳаи маорифи пойтахт бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-юми ноҳияи Шоҳмансур натиҷагирӣ карда шуд. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Сарраёсат, директорони Муассисаҳои таълимӣ ва Муассисаҳои томактабии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе иштироки фаъолона доштанд. Қайд гардид, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 161 Муассисаҳои томактабӣ амал мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 31 ҳазор тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Теъдоди Муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат 199 ададро ташкил медиҳад,ки дар онҳо зиёда аз 200 ҳазор насли наврас ба тадрис фаро гирифта шудааст. Таи солҳои охир барои муайян намудани дониши толибилмон дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, барномаи е-дониш ба роҳ монда шудааст. Ин барнома робитаи мактабро ба волидон таҳким мебахшад. Аммо барномаи мазкур дар як зумра таълимгоҳҳои пойтахт хуб амалӣ нагашта ба он масъулону омӯзгорон саҳлангорӣ менамоянд. Ҳамзамон масъалаи одобу ахлоқи хонандагон низ муҳокима карда шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ин ҳолат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташвишовар аст. Сару либоси тавсиявӣ бошад дар аксар Муасисаҳои таълимӣ ва Муассисаҳои томактабӣ миёни омӯзгорону хонандагон пурра риоя карда намешавад.



Дар назди МТМУ №45 ш. Душанбе майдончаи солимгардонӣ таъсис дода шудааст, дар он 40 нафар кӯдакону наврасон дар 3-гуруҳ ҷалб шудаанд. Дар майдончаи мазкур машғулиятҳо рангину гуворо гузаронида мешавад, ки он аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз ёфта баъдан бо барномаҳои мухталифи фарҳангӣ идома меёбад. Масъулин ва мураббияҳои майдончаи солимгардонӣ мекушанд, ки насли наврас дар вақти таътил хуб истироҳат намуда, ба соли нави таҳсил омодагии ҳамаҷониба бинанд. Ва онҳо дар вақти гузаронидани машғулиятҳо, ба дониш ва ба забондонии кӯдакону наврасон аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Бояд қайд намуд, ки басти 2-юми майдончаи солимгардонӣ 12 рӯз идома меёбад.



