Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониши 2023-2024 дар заминаи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», таҳким бахшидани раванди таълиму тарбия дар ҷомеа ва бо дарназардошти таҷдиди сохтор Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ» ба фаъолият оғоз намуда, роҳбарияти нави он таъйин гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Дар ин замина мулоқоти роҳбарияи  шаҳру вилоят ва роҳбарияти идораи маориф бо ҳайати омӯзгорони муассиса баргузор гардида, ба фаъолияти ин муассиса баъд аз таҷдид оғози расмӣ бахшида шуд. Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ аз роҳбарияти нави муассиса ва ҳайати омӯзгорони он даъват ба амал оварданд, ки ба фаъолияти муқаррарии худ идома бахшида, ба соли нави хониш омодагии ҷиддӣ бинанд.

Директори нави муассиса Хушбахт Давлатов вазифадор гардид, ки ба фаъолияти муассиса такони ҷиддӣ бахшида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар он тадбирҳои дахлдор андешад.

Ҳамин тариқ, сокинони вилоят ва шаҳри Хоруғ метавонанд ба муассиса ҳозир шуда, вобаста ба раванди таълиму тарбияи фарзандон ва омодагии онҳо ба соли нави хониш бо омӯзгорон ҳамкорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки маблағи таълими хонандагон ва маоши ҳайати омӯзгорон бо тартиби қаблӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар МТМУ №14 ш. Душанбе конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳсилоти рақамӣ - омили муҳими рушди соҳаи маорифи пойтахт» баргузор шуд. Зимни он муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки танҳо соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой мавриди истифода қарор дода шуд. Илова бар ин дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 2110 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд. Гуфта шуд, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31 ҳазору 471 нафар тарбиягиранда фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 732 тарбиягиранда зиёд гаштааст.

То оғози соли нави таҳсили 2023- 2024 ҳамагӣ як ҳафтаи дигар боқӣ мондаасту халос. Вале, мутаассифона дар бархе аз Муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мамлакат  масъулон фориғболиро пешаи худ қарор дода, омодагиро ба ин мавсими соли таҳсил кашол медиҳанд. Аз ҷумла, дар Муассисаи таълимии рақами 51-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъмири пурраро ҳанўз аз моҳи майи соли равон оғоз карда бошанд ҳам, вале он то ҳол ба анҷом нарасидааст. Таъмири Муассисаи мазкурро фирмаи сохтмонии «Абдусаттори Ю» ба уҳда дошта, аксари  масолеҳи сохтмонӣ аз хориҷи кишвар дастрас карда шудааст. Дар давраи таътили мактаббачагон аксари  синфхонаҳо таъмир карда шуда бошанд ҳам, аммо онҳо бо асбобҳои аёнӣ пура ороиш  ва таъмин карда нашудаанд. Ба кори таъмиру тармими Муассиса бонувону хонандагон ҷалб шудаанд.

ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин ташриф оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимии Чин ба шумор рафта, дар соли таҳсили 2022-2023 дар он 9000 донишҷӯёни хориҷӣ   аз кишварҳои гуногуни  ҷаҳон таҳсил менамоянд. Аз рӯи нишондиҳандаи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳи мазкур дар Чин ҷойи аввалро ишғол менамояд.

Дар ин донишгоҳ  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Абуабдулоҳ Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки пас аз ҳазорсолаҳо низ ашъори Рӯдакӣ одамонро ба таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва тавсеаи муколама байни тамаддунҳо даъват менамояд. Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти Шарқ нақши калидӣ дошта, назми нотакрори ӯ ганҷинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ ва пурмуҳтаво гардонидааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳукумати мардумии шаҳри Пекин, инчунин ба аҳли эҷод ҷиҳати бунёди нимпайкараи Абуабдулоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Пекин изҳори миннатдорӣ намуданд.

Мавриди таъкид  аст, ки лоиҳаи нимпайкара дар мувофиқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Осорхонаи Ҷинтайи Чин аз ҷониби ҳайкалтароши маъруф Юан Сикун омода шудааст.

Дар поясанги нимпайкара бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва англисӣ сатрҳои зерини бегазанд аз ашъори устод сабт шудаанд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд дар роҳи дониш бениёз

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёз ба омӯзгорони ҷавон» дар вилояти Хатлон ба 16 нафар омӯзгор Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Марям Абдураҳимова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дорад, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар мусобиқаи мазкур 900 нафар варзишгар аз 45 давлати дунё байни ҳам рақобат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 24 варзишгар намояндагӣ менамоянд.

Хонандаи пойтахт дар рӯзҳои аввали мусобиқа ба ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 19 август оғоз шуда, то 27 август идома меёбад.

То оғози соли нави таҳсили 2023-2024 рўзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Аз ин рӯ ҳамасола Вазорати маориф ва илми ҶТ барои таъмини мактаббачагон бо китобҳои дарсӣ чораю тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, тибқи дархости раёсату шуъбаҳои  маорифи шаҳру навоҳии мамлакат барои  соли таҳсили равон 82 номгӯӣ китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 4 миллиону 167 ҳазор нусха ба  нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар нимсолаи аввали  соли ҷорӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 89 номгўӣ китобҳои дарсӣ ба миқдори 3 миллиону 475 ҳазору 750 нусха таъмин карда шуд, ки ин 51 фоизи эҳтиёҷотро ташкил медиҳад. Мувофиқи иттилои масъулин дар самти норасоии китобҳои дарсӣ барои синфҳои 7 аз фанни  забони англисӣ 27 ҳазору 521 нусха, боз фанни мазкур барои синфҳои 8-ум 18 ҳазору 898 нусха, инчунин  забони англисӣ барои синфи 915 ҳазору 455-нусха, «Физика» барои синфи 9-ум 11 ҳазору 831 нусха  ва тарбияи ҷисмонӣ барои синфҳои 1-4  125 ҳазор нусха дар умум 198 ҳазору 705 нусха китоб норасоӣ дошта,  аз рўи имконият нашри онҳо ба роҳ монда шудааст.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори соли таҳсили нави мактаббачагон  ва таъмини хонандагон бо ашёи хониш ва сару либоси мактабӣ дар 4-ноҳияи пойтахт аз санаи 1-уми июли соли равон ярмаркаҳои  мактабӣ таъсис дода шудааст. Дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе чунин ярмарка таъсис дода шуд.Тавре маълум гардид, дар ин макон ашёҳои хониш  ва сару либоси мактабӣ пешниҳоди харидорон гардонида шудаанд. Қисми зиёди  асбобҳои хониш ва сару либос аз  корхонаҳои ватанӣ дастрас гардидааст. Арзиши сару либоси мактабӣ аз 180 то 350 сомонӣ, дафтар аз 50 дирам то 3 сомонӣ, ручка аз 1 то 5 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон чунин ярмаркаҳо дар бозори «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансур ва дар бозорҳои «Панҷшер» ва «Корвон»"-и шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Ярмаркаҳои мазкур то санаи  10-уми сентябри соли равон амал мекунанд.

ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун», ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор мекунанд, то имрӯз, аллакай, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли равон  дар мулоқот  бо бунёдгарони НБО-и Роғун иттилоъ дода шуд.

«Иқтисоди миллии мо ҳар сол дар сатҳи на кам аз 7 фоиз рушд ёфта истодааст, ки боиси афзоиши талаботи солона ба неруи барқ дар ҳаҷми ду – дуюним фоиз мегардад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самаранок ва ҳарчи бештари захираҳои энергетикии мамлакатамон  диққати аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем. Маҳз ба ҳамин хотир мо неругоҳи «Роғун»-ро сохтмони аср эълон кардаем»,- иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар мулоқоти мазкур Сарвари давлат дар муҳлатҳои тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ ва ба истифода супоридани агрегатҳои навбатиро  таъкид намуда, супориш доданд, ки Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

«Дар ин раванд, зарур аст, ки ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин, ба хоҷагӣ ва оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҷӯӣ карда шавад»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин  ба Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ дастур доданд, ки корҳои амалиро доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ оид ба фаъолияти бунёдкорони ин иншооти бузурги аср густариш диҳанд.

Дар ин зимн бояд ёдовар шуд, ки  18 августи соли равон ҳайати зиёда аз як саду ҳафтоднафараи устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби занону духтарон ва ҷавонон  дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо рафти  корҳои сохтмонӣ ва иншоти асосии неругоҳ  шинос шуданд.  Дар ҷараёни сафар аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 600 нусха китобу адабиёти тозанашр тақдим гардид.

Инчунин барои болидахотирии коргарону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби дастаи ҳунарии «Наврӯз» — и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ пешниҳод шуд.

Ин тадбири роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси руҳбаландии коргарону сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат-НБО «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд.

Ҳамин гуна иқдомро дар пайравӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дигар ташкилоту муассисаҳои   мамлакат  метавонанд барои ҳайати кормандон  амалӣ намуда, бо рафти корҳои сохтмони дар неругоҳ ва шукӯҳу шаҳомоти ин иншооти нодири гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО –и «Роғун» – иншооти бузурги стратегӣ шуруъ гардид.

29 октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО-и  «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшиданд.

Бояд тазаккур дод, ки НБО –и «Роғун», пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.

Ҳак бар ҷониби  Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло дар як шеъри ба ин иншооти азими аср бахшидааш гуфтааст:

Роғун — сафо, Роғун — вафо, Роғун- бақои мо бувад,

Армони чандинасра, уммеди ниёи мо бувад!

ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, бо фаълояти Маркази намоишиву озмоишии  «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» аз дастовардҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар муътадилгардонии кори низоми нақлиётӣ, истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ, содагардонии равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти шаҳр, беҳбуди муҳити созгор ва сатҳи зиндагӣ метавонад нақши назаррас дошта бошад.

Имрӯз кишвари Чин бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи мониторинг, коркарди маълумотҳои калон ва зеҳни сунъӣ дар самти содда  кардани низоми  идоракунии шаҳрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва  пешбурди ташаббусҳо оид ба шаҳрҳои ҳушманд мавқеи пешсафиро дар ҷаҳон касб намудааст.