Перейти к содержимому
 

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар таълимгоҳи №55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳафтаи дарсҳои намунавӣ гузаронида шуд.  Инчунин ҷиҳати хубтару беҳтар омӯзонидани фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ин ҳафта дарсҳо дар сатҳи хуб ва бо омодагии ҷиддии омӯзгорони фаннӣ ҷараён гирифт. Аз ҷараёни дарси физика маълум гардид, ки хонандагон мавзӯи дарсро хуб дарк карда, ба саволҳои омӯзгори ин фан ҷавобхои мушаххас доданд. Мавзӯи дарси хонандагон «Сохти атом» буда, дар соати дарси намунавӣ хонандагон хеле фаъолона ширкат варзиданд. Ва доир ба паҳлӯҳои мухталифи сохти атом маълумоти саҳеҳ бардоштанд ва дар бобати  неругоҳҳои  атомӣ ва обӣ   ибрози назар намуданд. Гузаронидани чунин дарсҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва  онҳоро ба омӯхтану донистани фанҳои табиию риёзӣ, дақиқ ва забономӯзӣ ҳамаҷониба равона менамояд. 

 Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва падару модарони онҳо чорабинии рамзии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ вориди бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» шуда, бо шароитҳои фароҳамгардида баҳри таълиму тадриси кӯдакону наврасон дар маҳфилҳо аз наздик шинос гардиданд ва ба маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд. Баъди ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти маҳфилҳо ба иштирокчиёни чорабинӣ дар толори фарҳангии Муассиса аз тарафи маҳфилҳои эҷодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассиса барномаи рангини консертӣ пешкаш гардонида шуд.

Аз 13-14 уми сентябри соли равон қабули хонандагон дар Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «Дарёфти истеъдодҳои нав» ташкил ва баргузор мегардад. Ин иқдом, бо мақсади ҷалби бештари хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун, дарёфти хонандагони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои нав ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки  қабули хонандагон аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ, ҳамзамон маҳфили доимоамалкунандаи «Шоҳмот» сурат гирифта, хонандагони аз синфҳои 5 то 11 ҷалб карда мешаванд.   

Дар Литсейи  рақами 1-ум барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе барои хонандагон шароити мусоиди хониш  фароҳам оварда шудааст. Хонандагон дар  кабинетҳои фаннӣ  таълим гирифта,дар равияи  табиӣ, риёзӣ фанҳои мазкурро бо забони русӣ  меомӯзанд. Ҳамзамон хонандагони Литсей дар ин самт ба як қатор комёбиҳо  ноил гардидаанд. Аз ҷумла,  дар олимпиадаи байналмиллалӣ, ки таҳти унвони «АЙ ЭС АЙ - Ҷуниор» аз фанни технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони синфҳои 5- 8, ки  аз 1 то 8-уми июли  соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифта буд, 3 нафар хонадагони ин таълимгоҳ ширкат варзида, 1  нафар соҳиби мақоми 2-юм ва 2-нафар зинаи 3-юмро ишғол намуданд.

Дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ маҳфили идонаи бошукуҳ ва хотирмон бо иштироки васеи кормандон ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, инчунин меҳмонон ва сокинони пойтахт баргузор гардид. Таълимгирандагони маҳфилҳои амалкунандаи Муассисаи мазкур дастранҷи маҳсули эҷодашонро дар гушаҳои боғ ба намоиш гузошта, дар маҳфилҳои варзишию расмкашӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳозирин намуданд. Сипас аз ҷониби таълимгирандагони маҳфилҳои эчодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассисаи мазкур бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ дар васфи Тоҷикистони азиз барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид, ки хеле дилнишин ва хотирмон гузашт.

Дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия  чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи ғайрикасбии унифайт  миёни наврасону ҷавонон, баргузор гардид. Дар ин  сабқати ҷаҳонӣ беш аз 17 давлат ширкат варзид. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши варзишӣ шаш варзишгар ва ду мураббӣ намояндагӣ кард. Медали тиллоро Муҳаммадҷони Одил ба даст овард. Фирдавс Салимов, Абдулло Давлатзода, Муҳаммадшукур Солеҳов дар вазнҳои худ мақоми дуюмро касб карданд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати даставӣ дар чемпионати ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол намуд.

Дар Муассисаи томактабии «Нури шамс» -и ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ чорабинии  маърифатӣ-фарҳангӣ  бо иштироки 4 гурӯҳ дӯструякон ва мураббиёну  волидайни онҳо  доир гардид. Ҳамаи иштирокдоронро ба ин ҷашни бузурги миллӣ масъулини Кӯдакистон  шодбош гуфта, ба онҳо осмони софу  беғубор сиҳатии комилро таманно намуданд. Сипас  бархе аз дӯструякон  дар васфи Тоҷикистон, истиқлолият,зебогиҳои кишвар, сулҳу Ваҳдат ва шаҳри зебои Душанбе шеърҳоро қироат  карданд. Инчунин рақсхои зебои тарбиятгирандагон ба ин тадбири фарҳангӣ нуру таровати  рангин бахшид. Гузаронидани чунин тадбирҳо ба кӯдакон имкон медиҳад то дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ ба камол расанд.

Дар таърихи варзиши кишвар бори аввал бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17-уми август то 6-уми сентябр мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд байни наврасони 12 - 13 сола барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 60 даста иштирок намуданд ва ин дастаҳо танҳо дар майдончаҳои кӯча ва маҳаллаҳои хеш тамрин мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки аз номи Раиси шаҳри Душанбе дастаҳое, ки зинаҳои ифтихориро ишғол намуданд, ҳамчун ҳавасмандӣ аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар доираи таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ нахустин Мактаби велосипедронӣ ташкил гардид. Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи велосипедронӣ ба мактаби номбурда, лавозимоти муосири таълимӣ  25 номгӯйи таҷҳизот ва  лавозимот аз ҷумла, 20 дучарха, 5 велосипеди  шоҳроҳ, 20  адад либоси тобистонаи варзишӣ, 20 адад либоси зимистонаи варзишӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимотро барои омода намудани ин намуди варзиш шароити сатҳи баландро фароҳам оварданд.

Бо оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар хонандагон ба дарсҳо фаро гирифта шуданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ барои қабули хонандагон ба синфи якум шароити мусоид муҳайё карда, дар соли ҷорӣ 94 нафарро ба ин зина қабул кардаанд. Синфҳои якуми Муассиса ба 3 гуруҳ ҷудо гардида, барои онҳо синфхонаҳои таълимӣ бо ашёву лавозимотҳои хониш таъмин карда шудааст. Ёдовар мешавем,ки  дар соли ҷорӣ ба синфи якум дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 272 ҳазор нафар хонанда қабул карда шуда, ба онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд.