Перейти к содержимому
 

Дар рӯзи 9-уми  даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабони номинатсияи адабиёти классик фаъол буданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иштирокдорон пурра аз талаботи озмун бархурдор буда, ба даври ҳалкунанда тайёрии ҷиддӣ дидаанд. Тибқи иттилоъ 95 нафар довталаб дар номинатсияи адабиёти классик ширкат менамоянд. Аз ин шумора 72 нафарашон аллакай баромад намуда, маҳорати худро нишон доданд. Аз 13 то 15-уми декабр бошад маҳорати  23 нафар мавриди санҷиш қарор мегирад.

Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маориф  идома дорад . Аз ҷумла, даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022» то 14  -уми  декабр, «Омӯзгори сол-2022» рӯзҳои 15-17 декабр ва «Хонандаи сол-2022» рӯзҳои 19-20 декабр доир мешаванд. Гузаронидани машғулиятҳо бо хурдсолон, саволу ҷавоб оид ба ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер аз шартҳои асосии озмуни «Мураббии сол» ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ роҳандозӣ мегардад.

Давоми 4 рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Бар асоси низомномаи озмун дар рӯзи чорум  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ синфҳои 5-11  ва ибтидоии касбӣ синфҳои 10-11 иштирок намуданд, ки он то 10 декабр ҷараён мегирад. Тибқи иттилоъ дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 92 нафар довталаб иштирок менамоянд.

Бо мақсади рушди шоҳмот дар байни ҷавонону наврасон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвар айни замон даври ноҳиявии мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот миёни ҷавонону наврасон идома дорад. Ба ин хотир дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия даври ноҳиявии мусобиқа миёни хонандагон ҷараён гирифт, ки дар он муҳассилини тамоми муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки даври шаҳрии олимпиадаи шоҳмот дар таътили зимистонаи мактаббачаҳо гузаронида мешавад.

 Дар Литсейи барои хонандагони болаёқати  равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе даври ноҳиявии олимпиадаи  забони англисӣ, таҳти унвони «Spelling-Bee» доир гардид. Дар тадбири мазкур намояндагони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои  назди шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ширкат варзиданд. Дар олимпиадаи даври ноҳиявӣ хонандагони синфҳои 5 ва  7  аз  40 таълимгоҳи ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.

Дар рӯзи дуввуми озмуни мазкур довталабон аз рӯи номинатсияи эҷодиёти назму наср бо чеҳраи болида  дар назди ҳакамон ҳозир шуда,  шеъру ғазал, достон, рубоӣ ва муханнасҳои аз худ намудаи хешро  пешниҳод намуданд.  Тибқи иттилоъ дар номинатсияи  эҷодиёти назму наср 90 нафар  довталаб - 50 нафар аз бахши наср ва 40 нафари дигар  дар бахши  назм  ширкат дошта, ҳунару маҳорат  ва малакаи  зеҳнии худро   нишон медиҳанд. Аз рӯи номинатсияи зикршуда,  дар бахши  назм 26 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11 инчунин 24 нафар  донишҷуён, омӯзгорон ва калонсолон иштирок мекунанд. Дар бахши   наср 20 нафар хонандагони аз синфи 1 то 11, 20 нафар донишҷӯ, омӯзгор ва калонсолон номнавис гардидааст, ки шумораи умумии онҳо 90 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Иштирокчиёни даври ниҳоии озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср маҳорат меозмоянд. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини сарвазири ҶТ Матлубахон Сатториён суханронӣ карда, ба тамоми довталабон муваффақиятҳо таманно намуд. Гуфта шуд, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», 442 нафар довталаб ширкат менамояд, ки аз он 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 83 нафар донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.

Чун ҳамасола номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар яке аз толори  ошёнаи 1-уми Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид . Ёдовар мешавем, ки дар  рӯзи аввали озмун 30 нафар довталаб, хонандагони синфҳои 1 то 4 аз тамоми манотиқи кишвар назди ҳайати ҳакамон маҳорату истеъдоди худро нишон доданд. Тавре аз ҷараёни рӯзи аввали озмун маълум гардид, довталабон ба ин сабқати дониш бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шудаанд.

Дар шаҳри Самарқанд  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ- кёкушинкай доир шуд. Дар ин сабқати сатҳи байналмилалӣ  дастаи варзишгарони намуди каратэ кёкушинкай, ки дар Ташкилоти мададгори мудофиа  машқу тамрин менамоянд иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба ватан баргаштанд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар мусобиқаи мазкур 400 нафар варзишгар аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Кирғизистон ва Қазоқистон  иштирок дошта, миёни ҳам рақобат доштанд. Ҳамин тавр, дар ин сабқати сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  30 нафар варзишгари навраси аз сини 6 то 17 сола ширкат варзида, 10 нафари онҳо сазовори ҷойи аввал, 7 нафар сазовори  мақоми 2-юм ва 3 нафар сазовори зинаи 3-юм  гардиданд, ки онҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар таълимгохи мазкур 1471 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки онхо дар синфхонахои фаннӣ аз омӯзгорони сохибтахасус дарс меомӯзанд. Дар Муассиса 37 синфхона мавчуд буда, аз ин шумора 10 синфхонаи фаннӣ бо асбобу лавозимоти хониш муҷҷаҳаз мебошад. Тибқи иттилои масъулин хонандагони таълимгоҳ дар олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида,   аз он ҷумла  4 нафар ҷойи 1-ум, 3 нафар ҷойи 2- юм ва 3 нафар хонандаи дигар сазовори ҷойи 3-юм гардидаанд. Дар таълимгоҳ  88 компютер муҷҷаҳаз бо 12 тахтаи электронӣ буда, хонандагон дар раванди дарсҳо аз онҳо истифода менамоянд.