ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) фасли 11-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 13 декабр идома меёбад.

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) фасли 11-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 13 декабр идома меёбад.

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8-10 декабр дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия Фестивали байналхалқии сирки кӯдакону наврасон- «Ба забони ҷаҳонӣ («На языке мира») баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Ёсуман Назарова мақоми дуюмро соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

ДУШАНБЕ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор шудаанд. Аз ин бемориҳо ҳам калонсолон ва ҳам хурдсолон азият мекашанд. Ин бемориҳо чӣ гунаанд ва роҳҳои пешгирии онҳо кадом аст? Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба табиби сироятшинос Адолат Саидова муроҷиат намуд.
ИдомаДУШАНБЕ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мавсими нави гулкарам, ки сабзавоти хуби ғизоӣ мебошад, оғоз шудааст. Имрўзҳо ин сабзавот дар бозорҳои мамлакат фаровон гашта, як киллограми он аз 4 то 5 сомонӣ нарх дорад. Ба бозорҳои пойтахт ин маҳсулоти кишоварзиро бештар деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Рўдакӣ ва Ваҳдат пешниҳод намуда истодаанд. Дар таркиби гулкарам 8-11,7 % моддаҳои хушк, 1,7-4,2 % қанд, 1,6-2,5 сафеда, 0,1-0,2 мг каротин, 0,3-0,7 % нитроген, 0,7-0,8 % хокистар, инчунин витаминҳои С (50-170 мг%), В1 (0,09-0,22 мг%), В2 (0,05-0,25 мг%), натрий, калий, калсий, магний, фосфор ва ғайра мавҷуд мебошанд, ки ба саломатӣ фоида дорад. АМИТ «Ховар» оид ба фоиданокии истеъмоли гулкарам ба саломатии инсон ва тарзи парвариши он маълумот медиҳад.
ИдомаДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки масунияташ баланд бошад, таъсири афсурдаҳолӣ ва фишори асабро коҳиш диҳад, раванди пиршавиро дар организм суст намояд, бехобиро бартараф кунад, хотира ва ҳушёрии равониро беҳтар намояд, бояд то андозаи муайян чормағз истеъмол намояд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.
ИдомаДУШАНБЕ, 11.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 48 нафар ғолибу ҷоизадори Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмоту шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо туҳфаҳои пулӣ аз 1000 то 6000 сомонӣ, медал, диплом ва ҷом қадрдонӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ИдомаДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 10 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва 20 фоизи аҳолии кураи Замин дар баландиҳои зиёда аз 1000-2000 метр аз сатҳи баҳр ва беш аз он- дар минтақаҳои баландкӯҳи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ менамоянд. Имрӯз, 11 декабр Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо /International Mountain Day/ маҳсуб мешавад. Ин сана бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ моҳи январи соли 2003 сабт гардида, бо қатъномаи A/RES/57/245) маъмул аст.

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ташкил ва рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, флорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, ҳамзамон намаксанг, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, нафт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ҳоказо ба роҳ монда шудааст, ки ба манфиати хоҷагии мамлакат ва пур шудани қисми буҷети ҷумҳурӣ равона шудааст. Ин матлабро Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолааш бахшида Рӯзи геологҳо, ки 9 декабр дар Тоҷикистон эълон гардидааст, баён дошт.
ИдомаДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрўзҳо Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ шуда, 25 июни соли 2018 ифтитоҳ гардид, ба макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст. Онҳо аз дўкону мағозаҳои назди қалъа армуғонҳои гуногунро, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти шаҳри Истаравшан мебошанд, харида, бо худ ба ёдгор мебаранд. Баъди навсозии ин қалъа даҳҳо нафар ҳунармандон дар ин ҷо бо ҷойи кор ва шуғл таъмин гашта, сатҳи зиндагии худро боло бурдаанд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.




ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд.
