Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /НИАТ «Ховар»/. 22 декабря Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали на улице Рахими района Сино столицы сдали в эксплуатацию красивое современное здание Центра обслуживания «Дунёи ош» («Мир плова»).

Идома

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нақшаи биноҳои нави Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозингарони мусобиқаи варзишии футболи деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла муайян ва қадршиносӣ шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Идома

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нуристони ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар заминаи Муассисаи таълимии №111 10 синфхонаи таълимӣ бо фарогирии 480 хонанда дар ду баст сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 21.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирӣ ва сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия байни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  ҳудуди Федератсияи Русия озмуни «Донишҷӯи сол – 2023» эълон менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Идома

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас ба поси хотири Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Занони  ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба оғози фаъолияти ҳунармандияшон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузоштааст, дар нашрияи Агентии Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) USAID Tajikistan таҳти унвони «Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ» муаррифӣ шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз осори муаррихон огоҳ ҳастем, мақсади асосии омӯзиши фанни таърих маҳз он аст, ки мо бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ гирем. Бояд аз комёбиҳои аҷдодони худ ифтихор намуда, онҳоро ҳифз намоем ва ба ояндагон ба мерос гузорем. Афкори илмии академик Бобоҷон Ғафуровро таҳлил намуда, ба хулосае омадем, ки муаррих бо нашри китоби «Тоҷикон»  мехост собит намояд, ки дар ҳудуди васеи Осиёи Миёна аз замони қадимтарин ва қадим тоҷикон маскун буданд. Ин нуктаро дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Аловиддин Шоинбеков ба АМИТ «Ховар» иброз намуд. Дар зер мулоҳизаҳои номбурда дар бораи аҳамияти омўзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров пурра оварда мешавад:

Идома